Хабарҳо ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ РУСИ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 18, 2023 0 Бо дастуру супоришҳои директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» н.и.т Ашуриен Ш.С., ва нақша-чорабиниҳои аз ҷониби шуъбаи таълим дар мувофиқа бо шуъбаи илмӣ-методӣ пешниҳодшуда ва тасдиқгардида, кафедраҳои коллеҷ машғулиятҳои кушоди намунавӣ, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои актуалии соҳаи тандурустӣ, маҳфили донишҷӯён ва дигар чорабиниҳо мегузаронанд. Мақсад баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ мебошад. Санаи 18 апрели соли 2023 аз ҷониби кафедраи «Забони русӣ» (мудири кафедра Пулодов Д. А) машғулияти кушод (омӯзгор Досова Г. С ва гурӯҳи 102 факултети «Кори момодоягӣ» дар мавзӯи «Атеросклероз» гузаронида шуд. Дар дарс пурра усулхои муосири таълим истифода шуда, омӯзгор дар раванди дарс аз овезаҳо, тестхо, тахтаи электрони истифода намуд. Дар рафти машғулият истифодаи техникаи аудиовизуалӣ васеъ истифода шуд. Дар охир супориши вазифаи хонаги ва холгузории донишчуён пурра аз руи низоми кредити гузаронида шуд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан