Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТ ВА ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 18 апрели соли 2023 омӯзгори кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Умарова Марҳабо Қосимовна ба синни 70 солагӣ қадам ниҳоданд.

Умарова Марҳабо Қосимовна пас аз хатми Омӯзишгоҳи тиббии №1 ш.Душанбе (соли 1971) ва хатми Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе (соли 1977) дар муассисаҳои гуногуни самти маориф ва тандурустӣ кор ва фаъолият намуда, аз соли 1994 инҷониб дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият доранд. Тули 29 соли фаъолият аз ҷониби омӯзгор зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, як чанд маводҳои таълимӣ тартиб дода шудааст, аз ҷумла  “Маҷмӯи лексияҳо аз фанни равоншиносии умумӣ ва тиббӣ барои муассисаҳои миёнаи касбӣ”, ки айни замон дар тамоми муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ васеъ истифода мешавад. Ҳамчунин дар давоми кор ва фаъолият омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон ва омодасозии мутахассисон саҳми бузург гузоштааст. Ҳамчун инсон миёни кормандон чун шахсияти бомаърифат, аз ҷиҳати маънавӣ бой, мутавозин, дорои фарҳанг ва ахлоқи баланд маъруф мебошад. Ҳамчун омӯзгор мутахассисест, ки дар соҳаи худ ҷаҳонбинии васеъ ва дониши амиқ дорад. Дар фаъолияти таълимӣ маҳорати хуби бо хонанда пайдо кардани муносибати инфиродӣ дошта, то ба имрӯз шогирдони зиёде омода намудааст.

Дар робита бо гуфтаҳои зикргардида, роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода омӯзгори собиқадори муассиса Умарова Марҳабо Қосимовнаро,  бо ҷашни мавлудашон табрику таҳният гуфта, барои гузоштани саҳми арзанда дар кори омодасозии мутахассисони миёнаи касбӣ давоми 29 соли ҳаёти пурсамар,  қадрдонӣ намуданд. Зимнан роҳбари муассиса Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба омӯзгор умри дарози пурбаракат ва саломатиро орзӯ намуда, қайд карданд, ки рисолати ҳар як омӯзгор ин гузоштани саҳм дар рушди маорифи ватанӣ ва омодасозии мутахассисони баландтахассус мебошад. Инчунин роҳбари муассиса изҳори умедворӣ  намуданд, ки минбаъд низ омӯзгор Умарова Марҳабо Қосимовна дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳм хоҳанд гузошт ва дар табодули таҷриба бо кормандони ҷавон кӯмак хоҳанд кард.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.