Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ МАҶОЗИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР МУКОЛАМАИ СИЁСӢ БАХШИДА БА ТАҲЛИЛИ ЗАХИРАҲОИ КАДРИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Санаи 28 апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дафтари Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муколамаи сиёсӣ дар мавзӯи “Таҳлили захираҳои инсонӣ дар бозори меҳнати соҳаи тандурустӣ баҳри таҷдиди назар дар сиёсати кадрӣ” баргузор шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳамоиши мазкур дар сатҳи баланд, бо ҷалби сиёсатмадорони олимақом аз парлумони кишвар, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гашта, роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ дар он ширкат варзиданд.

Дар баробари ин, бо дарназардошти мубрамияти мавзӯи баррасишаванда ва пешрафти илму техника, иштироки маҷозии (онлайнӣ) ҳайати роҳбарикунандаи Муассиса, алалхусус сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо дар ин ҳамоиш таъмин карда шуд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғ. Мухсинзода, вобаста ба муҳимияти рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, оғоз намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сипас сухан ба роҳбари миссияи Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо хонум Аззопарди Маскат ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо хонум Денис Молика дода шуд. Хонум Аззопарди Маскат оид ба моҳияти баррасии мушкилоти захираҳои кадрӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ дар ин самт сухан ронда, изҳор доштанд, ки норасогии кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ мушкилоти мубрами руз буда, ҳалли он самти афзалиятноки фаъолияти системаҳои нигоҳдории тандурустӣ дар тамоми давлатҳо ба шумор меравад.

Хонум Денис Молика изҳор доштанд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо як қатор барномаҳои муштарак амалӣ гашта истодаанд, ки ин ҳамкориҳо дуҷониба судманд шуморида мешаванд.

Баъдан бо маъруза дар мавзӯи “Таҳлили мушкилоти норасогии захираҳои кадрӣ” сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, д.и.т., профессор Юсуфӣ С.Ҷ. баромад намуда, қайд карданд, ки сиёсати кадрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти нигоҳдории тандурустӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, беш аз 80% буҷаи соҳаи нигоҳдории тандурустӣ ба дастгирии захираҳои кадрӣ нигаронида шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масоили таъминоти бозори меҳнатии дохили кишвар бо захираҳои кадрӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарияти муассиса ба шумор рафта, дар мадди назари роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дорад. Ҳамасола аз ҷониби масъулини МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри таъмини бозори меҳнатӣ бо мутахассисони миёнаи тиббӣ чораҳои мушаххас дар ин самт андешида мешаванд ва алҳол норасогии кадрӣ дар ин самт 1,7% ташкил дода, пасттарин нишондод дар минтақа ба шумор меравад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.