Хабарҳо ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ҶАЛАСАИ МАҶОЗИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ Apr 28, 2023 0 Санаи 28 апрели соли 2023 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм, муҳтарам Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсат, шуъба, дастгоҳи марказӣ ва инчунин роҳбарони муассисаҳои тобеъ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст, вазири муҳтарам ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа, яъне “Баррасии вазъи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” шинос намуд. Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Д.Ализода “Оид ба вазъи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамкории зич бо муассисаҳое, ки донишҷӯён дар он таҷрибаомӯзӣ мегузаранд ва тақвияти зарфияти ихтисосҳои омӯзгорӣ, махсусан, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобаста ба эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ҷалб намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, қарорҳои ҳайати мушовара супоришҳои қатъӣ дод. Лозим ба ёдоварист, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ ва қаблидипломии донишҷӯён, роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо тамоми беморхона, марказҳои саломатии шаҳрӣ ва пажӯҳишгоҳу таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои кишвар шартномаи ҳамкорӣ баста, дар гузариши таҷрибаомӯзӣ муассиса танқисӣ ва мушкилот надорад. Ҳамчунин масъалаи мазкур дар мадди назари роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дошта, мунтазам шартномаҳои нав бо муассисаҳои табобатӣ баста мешаванд. Дар ҷамъбаст, бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Вазири маориф ва илм муҳтарам Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан