Хабарҳо ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРӮЗӢ АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ” – МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On May 1, 2023 0 Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон санаи 01.05.2023 аз тарафи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” дар бинои таълимии 2- юм ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон гузаронида шуд. Дар ҷамъомад мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ. дар бораи рӯзи 1- уми май – Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриашон бо ҷавонони кишвар онҳоро ба меҳнатдӯстӣ, илмомӯзӣ, омӯхтани забонҳо ва сайқал додани донишашон даъват менамоянд. Инчунин аз тарафи мудири кафедра ба донишҷӯён ҷиҳати ободониву зебогии пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо роҳбариву заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ , ҷиҳати қадр намудани меҳнати дигарон, шукргузорӣ намудан аз фазои тинҷу осоиштаи кишвари азизамон, баланд бардоштани савияи дониши худ, ҳурмату эҳтироми омӯзгорон ва падару модарон тавсияҳо дода шуда, аз китоби “Панду ҳикматҳои бузургон” порчаҳои шеърӣ оиди меҳнатдӯстӣ қироат карда шуданд. Бояд қайд кард, ки аз тарафи рохбарияти муассиса бо ташаббусҳои бевоситаи директори коллеҷ, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба ободониву зебогардонӣ ва парвариши дарахтону гулҳои ороишӣ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ диққати махсус дода мешавад ва симои муассиса рӯз то рӯз зеботару ҷолибтар гаштааст. Вазифаи ҳар яки мо қадр намудани ин заҳматҳо ва саҳм гузоштан дар нигоҳубини гулҳои ороишӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муассиса мебошад. Сипас котиби раиси иттифоқи касабаи коллеҷ , декани факултети “Кори фарматсевтӣ” Давлатов А.Т. ба сухан баромада, ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёнро аз номи роҳбарияти муассисаи таълимӣ бо Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон табрику таҳният гуфта, барояшон таманниёти нек намуданд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан