Хабарҳо БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ДОНАНДАИ ФАННИ “АНАТОМИЯ ВА ФИЗИОЛОГИЯ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On May 3, 2023 0 Тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқнамудаи шуъбаи таълим имрӯз, 2- юми майи соли равон дар кафедраи ” Фанҳои морфологӣ ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” даври ҷамъбастии озмуни донандаи фанни “Анатомия ва физиология ” гузаронида шуд. Дар ҳайати комиссия муовини директор оид ба таълим н.и.т Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба илм ва инноватсия Муминзода Ҷ.С, муовини директор оид ба корҳои хоҷагидорӣ Мамурзода Д.М. , сармутахасиси шӯъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. , деканони факултетҳо, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд. Дар даври ҷамъбастии озмун, ки тариқи саломнома, дастони моҳир, пешниҳоди саволҳо аз ҷониби ҳайати комиссия баргузор гардид. Дар даври ниҳоӣ 13 нафар донишҷӯёне, ки дар даври аввал ва дуюм холҳои гузаришро соҳиб шуданд аз ҳамаи факултетҳо иштирок намуданд. Ҳамаи донишҷӯён маҳорати худро пешниҳод намуданд. Баъди холгузории аъзоёни ҳайати комиссия ҷойи якум насиби донишҷӯйи курси аввал Оминаи Файзиддин гурӯҳи 112 факултети кори момодоягӣ, ҷойи дуюм Рузиева Мижгона курси аввал гурӯҳи 106 факултети кори табобатӣ, ҷойи сеюм Мусоева Муниса курси аввал гурӯҳи 108 факултети кори табобатӣ сазовар дониста шуданд. Дар фарҷом ғолибони озмун бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ; медал ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Дигар донишҷӯён, ки маҳорати хубро пешниҳод намуданд ва ҳамаи онҳо бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ низ сарфароз гардиданд. Инчунин омӯзгороне, ки саҳми арзандаи худро барои омодасозии кадрҳои миёнаи соҳаи тандурустӣ гузоштаанд бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва дарёфт намудани донишҷӯёни фаъолу болаёқат баҳри омода намудани онҳо ба озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. 0 Мубодила кардан