Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.
Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.
Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Дар ин раванд рӯзи 13 ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» конфронс зери унвони «Нақши Президент дар бунёди давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.