Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳои пур аз корнамоиву қаҳрамонӣ ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандонаи фарзандони бонангу бономуси он ба нафъи халқу миллат равона гардидаанд ва барои ташаккули ҳаёти маънавии насли ҷавон нақши муассире боқӣ гузошта метавонанд. Дар ин раванд таърих барои ҳар халқу миллат шахсиятҳоеро ба майдон меорад, ки онҳо дорои азму иродаи тавоно ва ғурури миллӣ буда, минбаъд ҳаёти хушбахтонаву босаодати онҳо ба иќдомҳои хирадмандонаи ин гуна шахсиятҳо вобаста мебошад. Тасодуф нест, ки барои ба ин саҳна ворид гардидан ва минбаъд чун пешво, сарвар ва соҳибэҳтироми хосу ом гардидани ин гуна шахсиятҳо воқеоту ҳодисоти таърихӣ мусоидат мекунанд ва ба саҳнаи сиёсат меорад. Аз ин ру минбаъд раванди инкишфи ҷомеа аз дараҷаи хирад, тафаккур, шуҷоат ва иродаи сиёсии онҳо сахт вобаста мебошад. Чунин шахсиятҳоро зарурияти таърихӣ ба майдон меорад ва кору пайкори онҳо барои раванди шинохти давлату миллат ва обурую эҳтиром пайдо кардани он нақши муассир гузошта метавонанд. Корнамоиҳо, мардонагиву далерӣ, меҳанпарастиву шуҷоат хоси гузаштагони мо буда, шаҳодати он муборазаҳои озодихоҳона ва сарбаландиву комёб будани онҳо бо аҷнабиён мебошад, ки мо дар симои Спитамен, Деваштич, Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Исмоили Сомонӣ ва дигарон дида метавонем. Сабақҳои дигари таърихӣ низ моро аз бурду бохти давлату давлатдорӣ, пайванду ҳамгироӣ, таҳаммулгароиву ҳамдигарбахшӣ, мухолифату баҳамоиро ёдовар месозанд, ки онҳоро омӯхтану дар раванди минбаъдаи рушди ҷомеа, ташаккули наслҳои оянда истифода бурдан ба манфиати миллии мо хоҳад буд.

   Хушбахтона дар даҳсолаи асри 20-ум Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, аммо чархи таърих солҳои аввали истиқлолият барои миллати мо имтиҳони ниҳоят душвореро пеш гузошт, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон боқӣ мондан ё намондани он зери суол қарор гирифта буд. Ин мараҳилаи нахустини давлатдорӣ хеле пурихтилоф ва пурошубу даргир буд. Бархӯрди ғояҳои сиёсӣ ва идеологияи гуногун ҷомеаро ба гурӯҳҳои ба ҳам муқобил тақсим карда, вазъи ниҳоят муташаниҷро ба миён оварда буд.

Бояд ёдовар шуд, ки вазъи беҳокимиятиву бесарусомонии кишварро ба назар гирифта, хушбахтона бо кӯшишу ҷоннисории гурӯҳе аз намояндагони мардум барои дар шаҳри Хуҷанд баргузузор намудани Ҷаласаи Шӯрои Олӣ мувофиқа ба даст оварда шуд. Ин ҷаласа баргузор гардида ба таъсиси ҳукумати нави қонунӣ ибтидо гузошт ва бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо аксари кулли овозҳо Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб карда шуд. Ӯ аз лаҳзаҳои нахустини савгванд ёд кардан ба халқу ватани худ бо дилу нияти пок хизмат намуданро иброз, дошта вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистонро арзёбӣ намуд. Ӯ дар муроҷиатномаи худ иброз дошта буд, ки “Ман ба ҳар яки  Шумо, дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони баруманди тоҷик ҳастед, бовар менамоям. Ман қасам ёд менамоям, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии ватан садоқатмандона хизмати худро  равона месозам”.

Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо Пешвои миллат аз лаҳзаҳои нахустини оғози фаъолияти худ ба хотири нигоҳдошти дастовардҳои муқаддас аз қабили ташаккули давлати миллӣ, таҳкими истиқлолият, амнияту оромии кишвар, осоишу ободии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқрори созандагию ваҳдати саросарӣ, фарҳанги комилан нави сиёсиро, ки такя ба хиради ҳазорсолаи халқи тоҷик дорад, рӯи кор овард. Тарзи масъалагузорӣ роҳи ҳаллу фасли онҳо дар доираи фарҳанги нави сиёсӣ, ки ангеза аз фарҳанги миллии халқи тоҷик бармеояд, имкон дод, ки ҷомеа аз вартаи бесурусомониҳо наҷот дода шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат баҳри сулҳу созиш ва ҳамрайъии ҷомеа дар ҳалли чунин низоъҳо силоҳ ва хашму ғазабро сарфи назар намуда аз омилҳои дигари сиёсие, ки таъсири муҳим дар ҷомеа расонида метавонад, аз ҷумла таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ, ки дар ин Шӯро ба ҳам омада буданд ва дар муттаҳид намудани неруҳои солими ҷомеа нақши назаррас доштанд, истифода намуд. Имзои Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои давлатӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ҷамъиятҳои миллӣ буданд, ки дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфт. Дар пешрафти музокорот ва ва имзои созишномаи истиќрори сулҳ ва ризояти миллӣ нақши муҳим гузошт.

Мо имрӯзҳо ифтихор аз он дорем, ки сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ тавассути сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат ба даст оварда шуда дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар ватаномон хомӯш сохт, мардуми ҷумҳуриро ба амнияту пойдории истиқлолият, ҳифзи якпорчагии давлат, боварию эътимодро пайдо намуд ва ба рушди ҳамаи соҳаҳо заминаҳои мусоидро фароҳам овард. Ҷумҳуриамон хусусан дар самти ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии оғозгардида ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат ва дигар дастовардҳои назарраст ноил гардид. Ин муваффақиятҳои рӯзафзун имконият фароҳам оварданд, ки имрӯзҳо Тоҷикистон ба як кишвари орому осуда ва зина ба зина тараққикарда мубаддал гардида, таҷрибаи сулҳи моро миллатҳои дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли низоъҳои дохиливу берунии худ мавриди истифода қарор медиҳанд. Ин дастоварди миллати  моро Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф кардааст, ки ин ҳама шаҳодати хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ва эътимоду боварии мардуми тоҷик ба он  мебошанд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати кӯҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шавқат ва қобилияти нотакрорӣ, ваҳдатофарию бунёди давлатдории миллиро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар интиҳои асри 20 аз фоҷеаи миллӣ раҳо ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Бешубҳа дар ин ҷаҳони пуртаззоду дорои рақобатҳои шадиди глобал, танҳо ин сиёсатмадори дар сатҳи ҷаҳони шинохташуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон метавонад, минбаъд дар тақдири имрӯзу ояндаи миллат, истиқлолияти комили давлат, амнияту оромӣ ва инкишофи бемайлони давлатдории миллиамон саҳмгузор бошад ва онро ба сӯи ояндаи дурахшону саодатманд раҳнамои намояд.

Омӯзгори  кафедраи фанҳои
“Гуманитарӣ”- и МДТ
“Колеҷҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Ҳӯссен Сафарович  Одинаев

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.