Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ МАҶОЗИИ (ОНЛАЙНӢ) ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ҶАЛАСАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷрибаомӯзӣ қисми муҳими таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, алалхусус дар муассисаҳои равияи тиббӣ дошта ба шумор меравад, зеро он ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки малакаҳои амалӣ ва таҷрибаи корӣ дар муҳити воқеии тиббӣ пайдо карда шаванд. Зимни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён донишҳои назариявие, ки дар дарс гирифтаанд, нағзтар дарк намуда, онро дар амал татбиқ менамоянд.

Бо дарназардошти муҳиммияти таҷрибаомӯзӣ дар рушди заминаи кадрӣ ва барои дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, санаи 18 майи соли 2023 аз ҷониби раёсати таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати маориф ва илми кишвар ҷаласа бо иштироки васеи кормандони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор шуд, ки кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ дар он тариқи маҷозӣ (онлайн) ширкат варзиданд.

Зимни баррасии мавзӯи асосии ҷаласа таъқид карда шуд, ки ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён бевосита аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ зери назорат гирифта шуда, ба сифати таҷрибаомӯзӣ диққати хос дода шавад. Лозим ба ёдоварист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҷрибаомӯзӣ як марҳилаи махсусан муҳими омодасозии мутахассисони соҳибкасб ба шумор меравад ва ҷараёни таҷрибаомӯзӣ бевосита дар мадди назари директори муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дорад. Ҳамасола аз ҷониби роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо муассисаҳои ташхисӣ ва табобатии гуногун аз тамоми минтақаҳои кишвари маҳбубамон шартнома ва қарордодҳо ба имзо мерасанд, ки тибқи онҳо муҳассилини муассисаи таълимии мо дар беморхонаю ташхисгоҳ ва нуқтаҳои тиббӣ имкони гузаштани таҷрибаомӯзиро пайдо мекунанд.

Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” зарурияти таҷрибаомӯзиро дар омодасозии мутахассисон хуб дарк менамоянд, зеро таҷрибаомӯзии таълимӣ-истехсолӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки оид ба соҳаҳои гуногуни тиб маълумоти бештаре ба даст оварда, ихтисоси барои худ мувофиқро интихоб намоянд. Илова бар ин, он ба донишҷӯён дар барқарор кардани робита бо мутахассисони соҳаи тиб кӯмак карда, ҳангоми интихоби кор дар оянда, пас аз хатми муассисаи таълимӣ муфид хоҳад буд.

Муҳим он аст, ки таҷрибаомӯзӣ инчунин ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки муошират, кори дастаҷамъӣ ва малакаҳои ҳалли мушкилотро инкишоф диҳанд, ки барои ҳар мутахассиси муваффақ дар соҳаи тиб муҳиманд.

Умуман, таҷрибаомӯзӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ба шумор рафта, дар омодасозии донишҷӯён ба касби ояндаи онҳо нақши муҳим мебозад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.