Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарият ва нақша чорабиниҳои МДТ «Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ». Барои расидан ба ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025, инчунин 21-ум март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардидани ташабусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Миллали Муттаҳид.
Дар кафедраи «Ташхиси лабораторӣ»-и МДТ Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ санаи 18- майи соли 2023 семинари омузиши бо роҳбарии омӯзгор Аббосова.М.А., ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 101-102 -и Корҳои тибби ташхисӣ дар мавзӯи «Ҳадафҳои созандаи кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо» дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар ин семинар декани факултаи Кори тибби ташхисӣ Олимова. Ш., декани кори ҳамширагии шабона Бобоев. Б., мудири кафедраи Ташхиси лабораторӣ Аминов. А., ва омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок доштанд.
Семинар асосан дар самти омузиши пиряхҳо ва манбаъҳои дигари обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағирёбии иқлим ва таҳия намудани барномаҳо ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода марбут ба об ва бо кандашавии ҳавзаҳои яхин ва селу тармаҳо равона карда шуда буд, ки барои донишҷӯён ва меҳмонон бисёр таъсири хуб расонид.