Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Омӯзгорон ва донишҷӯёни мӯҳтарам! Ҳамватанони азиз!

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили “Рӯзи ҷавонон” қарор дорем, ки ҳамасола онро мо дар як фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан санаи 23 май ҷашн мегирем. “Рӯзи ҷавонон” барои кишвари мо як рӯйдоди муҳим ба шумор меравад, зеро ҷавонон ояндаи миллати мо мебошанд. Таҷлили “Рӯзи ҷавонон” нишондиҳандаи арҷгузории Ҳукумати кишвар ба ин қувваи бузурги созанда мебошад, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мо буда, дар рушди кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ гуфтаанд, ки: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд”. Бе шак мо аз ҷавонони ватандӯсту содиқи худ ифтихор мекунем. Ҷавонони кишварамон дар лоиҳаҳои хурду бузурги гуногун, ки ба беҳбудии зиндагии мардум нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат меварзанд. Онҳо пешвоёни ҳақиқӣ ва намунаи ибрат мебошанд.

Ҷавонони мамлакати мо дар тараққиёти илм, тиб, иқтисодиёт, маданият ва бисёр дигар соҳаҳои саноат саҳми калон гузошта, аз душвориҳо намеҳаросанд ва омодаанд, ки дар қадам бо замон бошанд. Ҳукумати кишвар ба кори ҷавонон дар саъю талошварзӣ баҳри ободсозии кишвар баҳои баланд гузошта, уҳдадор гаштааст, ки минбаъд ҳам ҷавононро дар роҳи расидан ба қуллаҳои нав дастгирӣ намояд.

Тавре Пешвои муаззами миллат борҳо такрор ба такрор таъқид месозанд: «Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд». Ҳукумати мо барои дастгирии ҷавонон ва таъмини рушди онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Ҷавонони мо ин дастгириро хеле ҳам қадр менамоянд ва мо ӯҳдадор мешавем, ки дар оянда низ бо ҷавонони кишварамон, барои расидан ба ҳадафҳои муштарак зичтар ҳамкорӣ дошта бошем.

Дӯстони азиз!

Таъқид кардан мехостам, ки дар ҳақиқат ҷавонон ояндаи мо мебошанд ва мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем. Маҳз ҷавонон ҳамчун табақаи фаъоли ҷомеа умеду орзуи падару модар ва такягоҳи давлату миллат мебошанд.

Ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумат ва хусусан, Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.

Ба ҷавонони кишвар муроҷиат карда, гуфтаниам ки шумо, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик ва таҳният намуда, дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, бахту саодат, барору комёбӣ ва сулҳу оромии ҳамешагӣ таманно дорам. Ташаккур барои меҳнати софдилона ва саҳм дар рушди кишварамон!

Ҳамеша муваффақ бошед!

Бо эҳтиром,
директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.