Санаи 22 майи соли 2023 тибқи дастури роҳбари Муассиса номзади илмҳои тибб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи чорабиниҳои самти тарбия дар бинои фарҳангии муассиса бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҳамоиш таҳти унвони “ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ…” бо як ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш меҳмон аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҳамрози Ҳамза, директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С., муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И. Ё., муовини директор оид ба корҳои илмӣ – методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Муминзода Ҷ. С., муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М., муовини директор оди ба корҳои маъмури ва хоҷагидорӣ Мамурзода Д. М., сардорони шуъбаҳо ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.