Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НИГОҲУБИН ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ АТРОФ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ХОҶАГИДОРИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Растаниҳо, алалхусус дарахтон – унсури муҳими муҳити шаҳр буда, на танҳо оксигенро таъмин намуда, сифати ҳаворо беҳтар месозанд, балки вазифаи ороиширо низ иҷро менамоянд. Бо дидани манзараи сабзу дилрабо ҳолати равонии инсон беҳтар, сатҳи рӯҳафтодагӣ коста ва қобилияти зеҳнӣ болотар мегарданд. Бо вуҷуди ин, дарахтон низ мисли гулу буттаҳо аз ҳамлаи ҳашароти зараррасон ва дигар бемориҳои растанигӣ эмин нестанд ва ба нигоҳубини махсус эҳтиёҷ доранд. Мубориза бар зидди ҳашарот ва бемориҳои растанигӣ тадбири зарури беҳтарсозии солимии дарахтон ва нигоҳ доштани зебоии муҳити атроф мебошад.

Бо ин мақсад барои аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳои мавсимӣ муҳофизат намудани растаниҳо, санаи 31 майи соли 2023 тибқи дастуру супориши роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз ҷониби кормандони қисми хоҷагидории Муассиса заҳрпошии нақшавии дарахтони ҳамешасабзи саҳни бинои асосии муассиса бо инсектисидҳои барои инсон ва растаниҳо безарар, вале барои ҳашаротҳои зараррасон марговар, гузаронида шуд. Коргарон барои аз ҳуҷуми ҳашароти зараррасон муҳофизат намудани дарахтон усулҳои бехавфу самарабахши муборизаи зидди ҳашароти зараррасонро ба кор бурданд.

Бо туфайли ин амал, дарахтон дар боғчаҳои саҳни коллеҷ минбаъд низ бо зебоии дилкаши худ диққати атрофиёнро ҷалб намуда, сифати ҳаворо беҳтар месозанд. Кормандони қисми хоҷагидорӣ дар меҳнат маҳорат ва масъулияти баланд зоҳир намуданд. Онҳо барои гирифтани натиҷаи беҳтарин тавонистанд заҳрпоширо дар вақти оптималӣ гузаронанд. Илова бар ин, барои ҳифзи муҳити зист ва одамон аз таъсири эҳтимолии манфии истифодаи инсектисидҳо чораҳо андешида шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин иқдоми экологӣ набуда, чунин чораҳо мунтазам, нақшавӣ ва бо истифода аз маводҳои махсус гузаронида мешаванд. Кормандони қисми хоҷагидории муассиса нисбат ба растаниҳои ҳудуди коллеҷ доимӣ ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Онҳо дарк мекунанд, ки дарахтон як ҷузъи муҳими муҳити шаҳр буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд то кори худро ба таври беҳтарин иҷро кунанд.

Кормандони бахши хоҷагидории МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар оянда низ нигоҳубини набототи саҳни биноҳои таълимии муассисаро давом дода, аз ҳолати дарахтон назорат бурда, барои аз ҳашароти зараррасон муҳофизат намудани онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.