Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»: САНҶИШУ ИМТИҲОНҲОИ ҶОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ – 2023 Бо admin Охирин навсозӣ Май 26, 2023 0 Имтиҳон як марҳилаи хеле муҳими раванди таълим ва омодасозии мутахассисони ояндаи соҳаи тиб ва умуман тамоми соҳаҳо ба шумор меравад, алалхусус аттестатсияи давлатии хатм, ки тавассути он сатҳи дониш ва малакаи хатмкунандагон арзёбӣ карда шуда, онҳоро ба фаъолияти касбӣ омода месозад. Илова бар ин, супоридани бомуваффақияти имтиҳонҳо кафолат медиҳад, ки донишҷӯ дорои дониш ва малакаҳои зарурӣ барои кор дар соҳаи тиб буда, ҳангоми кор бо бемор, сатҳи зарурии бехатарӣ ва солимии беморонро таъмин мекунанд. Бо назардошти гуфтаҳои боло, баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳои мубрам аз қабили ташкил ва баргузорнамоии ҷараёни санҷишу имтиҳонсупории ҷорӣ ва аттестатсияи хатми донишҷӯён дар соли таҳсили 2022–2023, санаи 26 майи соли 2023 ҷаласаи ғаринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ба ҳозирин зарурати иҷроиши дастури роҳбари муассисар таъқид сохта, дастур доданд, ки баҳри пешгирии сарзании ҳолатҳои гуногуни номатлуб, ки боиси косташавии обру ва нуфузи муассиса мегарданд, бо муҳассилин ва омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, шаффофияти ҷараёни супориши санҷишу имтиҳонҳо таъмин карда шаванд. Қайд карда шуд, ки айни замон, бинобар афзоиши талабот ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва афзоиши рақобат дар бозори меҳнат, аҳамияти имтиҳонҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббӣ танҳо меафзояд. Онҳо барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, ки дар шароити кунунӣ самаранок фаъолият карда, ёрии босифати тиббӣ расонанд, мусоидат менамоянд, аз ин рӯ ба сифати ташкил ва гузаронидани аттестатсияи хатм диққати хос дода шавад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки имтиҳонии давлатии хатм бояд тибқи Низомномаи Аттестатсияи хатм баргузор шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили дафтарчаҳои имтиҳонӣ, бланкҳои пайнавиштҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маконҳои баргузории имтиҳон пеш аз оғози имтиҳон омода бошанд. Махсусан ба ҷиҳозонидани синфхонаҳои имтиҳонӣ бо аёнияту баннерҳои таълимӣ диққати хос дода шавад. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ изҳор доштанд, ки ҳангоми баргузории санҷишу имтиҳонҳо донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб, ки таҳсили онҳо бевосита дар мадди назари роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор доранд, диққати хос зоҳир карда шуда, бо гузоштани холҳои ҳавасмандӣ дастгирӣ карда шаванд. Дар ҷамъбаст иштирокчиёни ҷаласа оид ба таъмини шаффофияти ҷараёни санҷишу имтиҳонҳо фикру андешаҳои худро иброз дошта, пешниҳодҳо намуданд, ки аз ҷониби роҳбарият пазируфта шуданд. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан