Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Имрӯз кӯдакон таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо ба шумор мераванд ва барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Бо пайравӣ аз иқдомҳои миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб ва ятим оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа ва хобгоҳ аз ҷониби раёсати МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Хусусан таҳсили табақаи номбурдаи донишҷӯёни Муассиса таҳти назорати бевоситаи роҳбари коллеҷ, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор доранд.
Бо назардошти чунин муҳиммият санаи 1 июни соли 2023 бо дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар саҳни бинои асосии муассиса барои фарзандони кормандону омӯзгорони коллеҷ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд. Ҳамчунин барои хушболии тифлони ҳузурдошта аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба онҳо ҳар гуна тӯҳфаҳои хотирмон ва бозичаҳои ҷолиб тақдим гардид. Дар давоми чорабинӣ бо кӯдакон ҳар гуна озмунҳо ташкил карда шуд, ки дар ҳақиқат ба онҳо писанд омад. Донишҷӯёни фаъоли муассиса низ дар чорабинии мазкур саҳми худро гузошта бо барномаҳои гуногуни рангоранг суруду таронаҳо хонда табъи ҳозиринро болида гардониданд.