Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНОНИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jun 2, 2023 0 Анҷоми соли таҳсил одатан бо гузаронидани имтиҳонҳои давлатии хатм, ки марҳилаи муҳими ҳаёти донишҷӯён мебошанд, алоқаманд аст. Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои гузаронидани имтиҳонҳои давлатии хатм омодагии ҷиддӣ дида мешаванд. Аз ҷумла, аз ҷониби роҳбарияти муассиса барои омода кардани донишҷӯён ба имтиҳони хатм ҳар гуна курсҳо ва тренингҳои махсус ташкил карда мешавад, ки дар онҳо донишҷӯён чӣ гуна ба имтиҳонҳо дуруст омода шудан, кадом мавзӯъҳоро омӯхтан ва кадом малакаҳоро инкишоф доданро меомӯзанд. Инчунин ба донишҷӯён маводҳои таълимӣ ва тавсияҳо оид ба омодабинӣ ба имтиҳонҳо дода мешавад. Ҳамин тавр баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хатмкунандагон оид ба дидани омодагӣ ба имтиҳонҳои хатм, ташкил ва баргузорнамоии имтиҳонҳои хатм дар сатҳи зарурӣ ва пешгирии сарзании ҳолатҳои номатлуб дар ҷараёни супориши имтиҳонҳои давлатии хатм ва имтиҳонҳои ҷорӣ, аз ҷониби муовинони директор бо ҳамроҳии шахсони масъул ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида шуд. Дар кори ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С., муовини директор оид ба корҳои хоҷагидорӣ ва маъмурӣ Мамурзода Д.М., деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Маъмурияти муассиса бо шахсони масъул усулҳои гуногуни тайёр кардан ва дастгирии донишҷӯёнро дар имтиҳонҳои давлатии хатм муҳокима намуданд. Масоили ташкили дарсҳои иловагӣ барои хатмкунандагон низ баррасӣ шуд, пешниҳод гардид, ки барои донишҷӯёне, ки дар таълим мушкилӣ доранд дарсҳои иловагӣ гузаронида шавад. Аз ҷониби роҳбарият дастур дода шуд, ки ба малакаҳои амалӣ диққати хос дода шавад. Инчунин макони баргузории имтиҳонҳои хатмро дар бинои асосии муассиса муайян намуда, барои ҳар як ихтисос ошёнаҳои алоҳида ҷудо карда шуд. Ба мудирони кафедраҳо дастур дода шуд, ки утоқҳои ҷудошударо бо аёниятҳои таълимӣ вобаста ба ихтисоси имтиҳонсупоранда муҷаҳҳаз намоянд. Деканони факултетҳо вазифадор гардиданд то оғози имтиҳон варақаҳои ҷамъбасти таҳсили ҳар як донишҷӯ омода шуда ба комиссияи аттестатсионӣ супорида шаванд. Дар рафти ҷаласа ба ҳозирин муҳиммияти пешгирии сарзании ҳолатҳои номатлуби хусусияти корупсионӣ дошта изҳор гардид, аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо донишҷӯён оид ба ин масъала сӯҳбатҳо гузаронида шавад. Ҳамчунин тибқи мактуби махсус санаи 3 июн дар саросари ҷумҳурӣ шанбегӣ баргузор мегардад ва тибқи дастури роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” матлаби мазкур низ ба саҳми ҳозирин расонида шуда, дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати иҷроиши он дода шуд. Пеш 1 то 14 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан