Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР

Ваҳдати миллӣ  мояи ифтихор ва дастовардест, ки таҷассумгари фарҳанги волои сулҳпарваронаи мардуми тоҷик мебошад. Бо ин дастоварди таърихӣ халқи тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хирадмандӣ, фарҳанги воло, майл ба ягонагӣ ва фалсафаи сулҳпарвариро намоиш дод.

Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон  якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.

Ваҳдати миллии мо, бешубҳа, ҳамчун кафили эътимод ба ояндаи нек ва сарчашмаи илҳом барои нерӯҳои пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Бо гузариши даҳсолаҳо, арзиш ва моҳияти ин комёбӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи муттаҳидии халқи тоҷик боэътимодтарин сипардевор аз ҳар гуна тааруз ба истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати тоҷикон мебошад. Бо шарофати ин комёбӣ, инчунин бо шарофати руҳияи пойдор, халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар ва тамомияти арзии онро ҳифз карда, ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ризоияти миллӣ ноил гардад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият, вазъ дар мамлакат ноором буд, буҳрон тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дар баробари чунин вазъи душвору хатарзо ва барои баромадан аз ин ҳолат муносибати солим ва оқилона лозим буд. Имрӯз ҳар як фарди ватандӯст бояд дарк намояд, ки барои баромадан аз ин ҳолат ва расидан ба ваҳдати миллӣ халқи тоҷик озмоиши душвору сангинеро паси сар кардааст. Мардуми тоҷик бо шарофати хиради абадии худ ба ҷанги бародаркуши тасавврунопазир, ки аз ҷониби баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ ва роҳбарони нохалафи дохилӣ, ба истилоҳ “агентҳои таъсир”, ки то имрӯзҳо аз тахрибкорӣ бар зидди ватани худ даст намекашанд, хотима дод. Тамоми умр онҳо зери назорат ва дасткории хоҷагони берунии худ қарор дошта, мисли лухтакҳо ғайриихтиёрӣ идора мешаванд ва барои сар задани муноқишаҳои наву косташавии нуфузи ҳукумати қонунӣ адои вазифа доранд.

Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд.

Дар ин замина қайд кардан зарур аст, ки ба шарофати хирадмандии мардуми тоҷик ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имкон пайдо шуд, ки худи мавҷудияти миллат, давлати миллӣ, забон ва фарҳанги асил ҳифз карда шавад. Ба ҷанги бародаркуши бемаънӣ хотима бахшида шуд, ки ин дар таърихи имрӯзаи мо саҳифаи хеле муҳим аст. То имрӯз дар кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатӣ тадриҷан шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар натиҷаи заҳматҳои фидокорона ва ғамхории ҳамаи тоҷикон таҳти сарварии Пешвои миллат ваҳдату истиқлолияти миллӣ ба вуҷуд омад, ки барои рушду тақвияти давлатдорӣ мусоидат намуд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳифз, азиз ва қадрдонӣ намояд, барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва пойдории арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ саъй намояд, ҷавононро ба қадршиносӣ ва ҳифзи Ватани худ раҳнамоӣ намояд. Мо бояд донем, ки Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, пеши роҳи аз байн рафтани аввалин давлати миллии дунявии тоҷиконро гирифт ва миллатро аз пора-пора шудан наҷот дод. Аз ин рӯ, дар асоси гуфтаҳои боло, дар шароити нави таърихӣ дар назди насли имрӯзаи сиёсатмадорони прагматик рисолати нави таърихӣ – ба ҷавҳари мустаҳкамкунанда табдил ёфтан ва боз ҳам таҳкими ваҳдати мардуми тоҷик, меистад. Ин рисолат аз сиёсатмадорон масъулияти махсус талаб мекунад.

Пас аз имзои санади истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, ки барои халқу давлати мо тақдирсоз буд, дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Ҳаёти ҷомеаи тоҷик муътадил гашт, аммо мо саҳифаҳои фоҷеабори таърихи кишварро хуб дар хотир дорем ва онҳоеро медонем, ки Ватани моро ба ҷанг кашола карда буданд, дар хотир дорем, ки чӣ гуна онҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро сар карданд ва дар ин замина мо онҳоро то ҳол маҳкум мекунем. Аммо бояд дарк кард, ки вақт дар як ҷо намеистад. Ҷамъияти мо босуръат рушд мекунад. Яке аз дастовардҳои волои даврони истиқлолият ин заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи ташаккули элитаи нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ мебошад, ки дар руҳияи эҳтиром ва муҳаббат ба миллату суннатҳои худ тарбия ёфта, барои муайян намудан ва ҳифз кардани манфиатҳои миллии Точикистон дар ҷаҳони муосир қодир мебошанд. Дар ин замина бояд таъқид кард, ки имрӯз дар ҷомеаи тоҷик насли менеҷерони ҷавоне ташаккул ёфтааст, ки ҷаҳонбинии муосир ва андешаҳои навоварона доранд. Онҳо ин ғояҳоро амалӣ мекунанд ва минбаъд низ амалӣ хоҳанд кард, барои ин ба мо танҳо сулҳу субот зарур аст. Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Насли нави сиёсатмадорони прагматик дигар намегузоранд, ки касе мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо хиёнат ба манфиатҳои миллӣ, фитна ва иғвогарӣ ваҳдати миллии бадастомадаро вайрон карда, ҳаёти осоиштаи кишварро халалдор созад. Онҳо дарк мекунанд, ки радикализми динӣ, ифротгароии хушунатомез, ҷангу хунрезӣ, тасарруфи мусаллаҳонаи ҳокимият ва муҳимтар аз ҳама, нодида гирифтани иродаи мардум, даст кашидан аз қонун ва тартибот кишварро ба оқибатҳои фоҷиавӣ мебарад.

Вазъияти имрӯза гувоҳ аст, ки рушди бемайлон ва шукуфоии кишвари мо аз роҳбарони ҷавон вобаста аст, зеро маҳз онҳо ин руҳияи комёбӣ ва майл ба пешрафтро дар худ фаро гирифтаанд. Роҳбарони ҷавони имрӯза насли махсусе мебошанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр ба воя расидаанд. Натиҷаи фаъолияти инноватсионии онҳо имрӯз дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ бомуваффақият зуҳур меёбанд. Сохторҳои давлатии мо тадриҷан ҷавон, мустаҳкам шуда, дар фазои сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ нақшаҳои азими умумидавлатӣ ва дарозмуддатро амалӣ мекунанд. Воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ба амал омада буданд ва ба амал омада истодаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки вазъияти ҷаҳони гирду атроф тағйир ёфта, таъсири ҷаҳонишавӣ дар миқёси ҷахонӣ ва минтақавӣ меафзояд. Шояд бисёр кишварҳо зери таъсири равандҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳони ба ҳам мухолифи имрӯза осебпазир шудаанд. Онҳо бо таҳдидҳои нав ва афзоянда, аз ҷумла таассуби динӣ, ифротгароии хушунатомез, терроризми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рӯбарӯ ҳастанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе таъқид кард, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳанӯз ҳам афзоиши миқёси терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ таҳдид мекунад.

Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин марказҳое ки ба омӯзиши муноқишаҳои мусаллаҳона ва дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли онҳо машғуланд, стратегия ва тактикаи нави мубориза бо таҳдидҳои дар боло зикршударо таҳия намуда истодаанд. Аммо ин тадқиқотҳо ҳанӯз ба муваффақияти пешбинишуда ноил нагардидаанд. Аз ин лиҳоз, оқилона менамояд, ки «Модели тоҷикии ҳалли низоъ» ва «Модели Ваҳдати миллӣ дар давраи пасазҷангӣ»-ро моделҳои амалии асоснокшудае шуморид, ки дар ҷараёни бунёди сулҳ дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат таҳия шудаанд. Дар амалияи ҷахонӣ ҳодисаҳои бо сулҳ анҷом ёфтани ҷангҳои мусаллаҳона кам ба назар мерасанд. Ин таҷрибаи беназир бояд дар амалияи чаҳонӣ ҷорӣ карда шавад.

Аз рӯи нуқтаи назари илмҳои фундаменталӣ, тадқиқоти илмӣ ва амалӣ дар сурате комёбии пурқимат ҳосил мекунанд, ки агар он дар амалия дар ҳалли низоъҳои мусаллаҳона истифода шавад. Олимону муҳаққиқони ватанӣ, хориҷӣ ва раҳбарони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон “модели тоҷикии ҳалли низоъ” ва “модели ваҳдати миллӣ дар давраи пасазҷангӣ”-ро эътироф намуда, ин моделҳоро ҳамаҷониба омӯхта таҳлил менамоянд.

Ваҳдати миллии тоҷикон ва таҷрибаи сулҳпарварӣ аз ҷумлаи дарсҳои арзишмандест, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ эътироф шуда, онҳоро метавон дар ҳалли низоъҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон истифода кард. Маҳз ба шарофати ин модели беназир, ки дар он механизмҳо, технологияҳо ва консепсияҳои ҳалли мушкилот мавҷуд аст, дар Ватани мо сулҳ пойдор гардид. Бо итминони комил метавон гуфт, ки тайи солҳои истиқлолияти Тоҷикистон тамоми фаъолияти Пешвои муаззами миллат, ки муаллифи “модели тоҷикии ҳалли низоъ” ва “модели ваҳдати миллӣ дар давраи пасазҷангӣ” мебошанд, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ нигаронида шудааст.

Дар солҳои сангини арзи ҳастии кишвари тоҷик, Пешвои муаззами миллат бо дархости ҷомеа чунин консепсия ва моделеро таҳия намуданд, ки имкон дод, ҷомеа муттаҳид, ниҳодҳои давлатӣ мустаҳкам ва заминаи устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Ин дар навбати худ ба рушди бемайлони Тоҷикистон мусоидат намуд. Модели интихобшуда пояҳои ваҳдати миллиро дар кишвар мустаҳкам кард. Имрӯз мо якҷоя ваҳдати миллиро ҳифз намуда, ба сӯи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – индустрикунонии кишвар, бомуваффақият пеш рафта истодаем.

«Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем». (Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 2018)

Дар ҷамъбаст бо ин иқтибос аз суханронии Пешвои маҳбуби кишварамон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан мехоҳем, ки дар ҳақиқат ҳар як фарди ватандӯстро зарур аст, баҳри таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон талош варзанд, зеро танҳо ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон медиҳад, ки маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.

Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.