Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОРИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ФИЗИОТЕРАПЕВТОНИ ҶАҲОН ДАР ШАҲРИ ДУБАЙ – 2023

Дар замони муосир, ки технологияҳои тиббӣ ва табобат пайваста рушд мекунанд, иштирок дар конгрессҳои байналмилалии гуногун яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Конгрессҳои байналмилалӣ имконияти беҳамторо барои мубодилаи таҷриба ва дониш бо ҳамкасбон аз кишварҳои гуногун фароҳам меоваранд, ки ин дар навбати худ ба беҳтар шудани сифати таълим ва малакаҳои амалия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.

Иштирок дар конгрессҳои байналмилалии физиотерапевтӣ инчунин ба барпосозии робитҳои нав бо мутахассисони пешбари соҳаи физиотерапияи ҷаҳонӣ мусоидат карда, метавонад ҳамкориҳои судманд ва тадқиқоти муштаракро ба роҳ монад. Конгрессҳои байналхалқӣ инчунин ба омӯзгорони мо ёрӣ мерасонанд, ки ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, донишу малакаҳои нав пайдо кунанд ва онро дар амал татбиқ намоянд.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, тибқи нақша барои иштирок дар “Конгресси байналхалқии физиотерапевтони ҷаҳонӣ – 2023” ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 июни соли 2023 ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафари хизматӣ намуданд. Ҳайати ҷумҳурии моро сардори раёсати тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва як зумра кормандону омӯзгорони муассисаи таълимии мо намояндагӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки оғози чорабинии илмӣ санаи 2 июн дар назар буд, бинобар ин санаи 1 июн директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо раёсат ва кормандони Федератсияи байналхалқии ортопедҳо ва физиотерапияи мануалӣ вохурӣ барпо намуданд. Санаи 2 июн кори конгресс оғоз ёфт ва як қатор масъалаҳои мубрами соҳаи физиотерапия баррасӣ гардид. Хайати кории мо зимни музокира дар якчанд мубоҳисаҳо фаъолона иштирок намуданд, ки дар он масъалаҳои доир ба усулҳои нави муолиҷа, истифода бурдани технологияи ҳозиразамон дар физиотерапия, масъалаи раванди ҷорисозии физиотерапия дар ҷумҳурии мо ва дастовардҳо муҳокима карда шуданд.

Иштирок дар конгресси мазкур ба баланд шудани нуфузи муассисаи мо ва таҳкими мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Умуман, робитаҳои байналмилалӣ ва ширкат дар конгрессҳои байналмилалии самтҳои гуногун ҷанбаҳои муҳими рушди МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва мутахассисони он мебошанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.