Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ҶАЛАСАИ МАҶОЗИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ ХАТМ ВА ҶОРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Санаи 6 июни соли 2023 тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи маҷозӣ (онлайнӣ) оид ба баргузории имтиҳонҳои хатм ва ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доир гардид, ки дар он дар баробари тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, роҳбарият, шахсони масъул ва раисони комиссияи имтиҳонии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иштирок доштанд.

Ҷаласа аз ҷониби муовини вазир Лутфия Абдулхолиқзода бо иштироки васеи ҳайати роҳбарикунандаи бахшу сохторҳои Вазорати маориф ва илм, инчунин бо даъвати меҳмони олимартаба – Муқимӣ Нигора Аминзода Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии корупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар оғози ҷаласа Лутфия Абдулхолиқзода ба роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷиҳати ишғоли ҷойи аввал дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ ва риёзӣ” изҳори сипос баён намуда, бо ин дастовард табрикоти самимонаи худро ба директори Муассиса Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода расониданд. Муҳтарама Лутфия Абдулхолиқзода иброз доштанд, ки ишғоли ҷойи аввал дар ин озмун аз дараҷаи баланди тайёрии донишҷӯён ва маҳорати касбии роҳбарият ва коллективи педагогии муассиса шаҳодат медихад. Сипас кори ҷаласа шуруъ шуд ва масъалаҳои асосӣ баррасӣ гардиданд.

Сухан ба Нигора Муқимӣ дода шуд, ки талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани онро шарҳ дода, доир ба бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ибрози андеша намуданд.

Сипас Лутфия Абдулхолиқзода ҷиҳати пешгирии содирнамоии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар сатҳи зарурӣ ва шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои давлатию ҷорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар макони баргузории имтиҳонҳо камераҳои назоратии муосир насб гардида, иштироки саривақтии раисони имтиҳонҳо таъмин карда шаванд. Дар баробари ин дастур дода шуд, ки оид ба натиҷаи имтиҳонҳо ҳаррӯза ба сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тариқи электронӣ ҳисобот пешкаш карда шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри таъмини шаффофияти ҷараёни имтиҳонҳо системаи ягонаи имтиҳонгирӣ бо гузоштани изи ангушт амал мекунад, инчунин тамоми синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ бо камераҳои назоратии муосири босифат муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи маҷозӣ аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. бо иштироккунандагон, масъулони имтиҳонҳои давлатӣ ва ҷорӣ ҷаласаи машваратӣ гузаронида шуда, тамоми дастуру супоришҳои роҳбари муассиса ҷиҳати пешгирии сарзании ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ, шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳо расонида шуд. Қайд гардид, ки бо хатмкунандагон ва омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад ва аз натиҷаи ҳар вохурӣ ҳисобот пешниҳод карда шавад. Ба масъулини имтиҳонҳо дастур дода шуд, то ҳаррӯза натиҷаи ҷамъбастии имтиҳонро дар шакли ҳисобот манзури шуъбаи таълим намоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.