Хабарҳо ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА КАРАТЭ-ДО Бо admin Охирин навсозӣ Jun 5, 2023 0 Иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ барои донишҷӯён дар нигоҳ доштани саломатӣ, баланд бардоштани сатҳи тобоварӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва ташаккули сифатҳои беҳтарини инсонӣ кумак мерасонад. Бинобар ин бо дастури роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мунтазам миёни донишҷӯён оид ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар тамринҳо ва чорабиниҳои варзишӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин таҳсили тамоми донишҷӯёни варзишгар дар мадди назари роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дошта, зимни баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба онҳо дар таҳсил имтиёзҳои гуногун дода мешавад. Ҳамин тавр санаи 4 июни соли 2023 яке аз варзишгарони фаъоли муассиса, донишҷӯи бахши 3 факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсилоти умумии асосӣ) Нурова Ирода дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба Каратэ-до миёни калонсолон ширкат варзида, дар вазни 61 килограмм (кумитэ) ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби диплом ва медали тилло гашт. Чемпионати мазкур санаҳои 3-4 июн баргузор гашта, дар он беҳтарин варзишгарони соҳаи мазкур миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Нурова Ирода барои ба даст овардани натиҷаи баланд дар мусобиқа бо ғайратона тамрин намуд то техника ва маҳорати худро такмил диҳад. Ғалабаи Нурова Ирода на танҳо расидан ба ҳадафи шахсии у буда, балки ифтихори Коллеҷ низ мебошад. Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” минбаъд низ донишҷӯёнро барои машғул шудан ба варзиш ҷалб намуда, дастоварди мазкури донишҷӯи худро барои онҳо ҳамчун намуна манзур мегардонанд. Пеш 1 то 3 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан