Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Ҳар ки хандонад ятими хастаро Боз ёбад ҷаннати дарбастаро

Бале аз замонҳои қадим аҷдодону гузаштагони мо, хусусан шахсони ҳалиму инсондӯст нисбат ба ятимону бепарасторон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, ин табақаи осебпазири ҷомеаро таҳти ғамхориву дастгириҳои хеш қарор медоданд. Хушбахтона ин сифатҳои неки инсонӣ дар тинати шахсиятҳои хайрхоҳи ҷомеаи имрӯзаи мо, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  басо фаррох намоён аст, чун Эшон пайваста дар ғамхории ятимону барҷомондагон мебошанд. Дар ин баробар дигар шахсони хайрхоҳи ҷомеа аз Пешвои миллат пайравӣ намуда, ҳамеша дастгири ятимону бепарасторон мегарданд. Директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳӯриявӣ» яке аз чунин пайравони Пешвои миллат буда, доимо дастгиру ҳамдарди шахсони маъюбу ятимон мебошанд. Имсол низ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба ятимони ин даргоҳи илму маърифат тӯҳфаҳои хотиравӣ, маблағи пулӣ ва барои ҳифзи саломатиашон ниқобҳои тиббӣ ҳадя карданд. Дар вохӯрие, ки директори муассиса бо ятимони кулл анҷом доданд таъкид гардид, ки онҳо ҳамеша таҳти ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамин тавр байни донишҷӯёни ятими кулл ва роҳбарияти муассиса суҳбати гарму самимӣ анҷом дода шуд ва каме ҳам бошад гарди ғуборе аз рӯи дили ин шахсони аз падару модар маҳрум монда шуста шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.