Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГӢ

Кафедра. Соли 2002 созмон дода шудааст. Кафедра дар заминаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ фаъолият дорад. Солҳои 2002-08 роҳбарии кафедраро н.и.т Елисова О.В. ба уҳда дошт. Аз ҷониби Елисова О. В. барномаҳои фанни «Момоӣ ва бемориҳои занона» барои ҳамаи ихтисосҳои коллеҷҳои ҷумҳурӣ тарҳрезӣ карда шудааст. Солҳои 2008-15 роҳбарии кафедраро н.и.т. Ҷонова Б. Ю. ба уҳда дошт. Дар тӯли ин солҳо аз ҷониби роҳбари кафедра китобҳои «Кори ҳамширагӣ дар момоӣ», «Бемориҳои занона» ва маҷмӯаи тестҳо аз фанни “Момоӣ” ба забони давлатӣ ва русӣ, дастурҳои методӣ таҳия ва чоп карда шудаанд. Аз  соли 2015 инчониб роҳбарии кафедраро  Сайдаҳмадова Ш.Ҷ. ба уҳда дорад. Дар ин муддат  аз ҷониби роҳбари кафедра китобҳои дарсии «Акушерӣ», «Гинекология» ва маҷмӯи тестҳо аз фанни “Гинекология” ба забони давлатӣ ва русӣ, модулҳои таълимӣ, барномаҳои таълимии низоми кредитӣ (силлабусҳо), дастурҳои методӣ таҳия ва чоп карда шудаанд.  Ҳайати кафедра аз 30 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 6 нафар н.и.т., 5 нафар бо тахассуси дараҷаи олӣ ва 2 нафар Аълочии тандурустии  Тоҷикистон иборат мебошад. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ идома доранд. Мақолаҳои илмии омӯзгорони кафедра мунтаззам дар маҷаллаҳои «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ»,«Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон” «Вестник Авиценны» ва «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон»  чоп мешаванд. Дар кафедра ҳамасола бо истифода аз услубҳои муосири таълим машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳои мавзӯӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва чорабиниҳои тарбиявӣ  гузаронида мешаванд. Дар кафедра Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ва Маркази таълимӣ-иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила амал мекунад. Кафедра бо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ДТБКСТ ҶТ , бо ПАГ ва П, бо таваллудхонаҳои шаҳрии № 1, 2 ва МСШ № 1,2, 4, 11, 13 ва 14  ҳамкорӣ дорад.

МУДИРИ КАФЕДРАИ
“АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГӢ”
САЙДАҲМАДОВА ШАҲЛО ҶУМАХОНОВНА

(тав 20.10.1973, шаҳри Кӯлоб) Аълочии тандурустии  Тоҷикистон (2017). Хатмкардаи факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1997), интернатура бо ихтисоси акушер- гинеколог (1997-1998),  акушер- гинеколог дар МСШ № 10 (1999-2002),   омӯзгор (аз 2003),  мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  (аз 2016). Муаллифи беш аз 20 таълифот, адабиётҳои таълимии Акушерӣ. Д., 2018;  Гинекология. Д., 2020; маҷмӯи тестҳо аз фанни “Гинекология” Д.,2016 Сайдаҳмадова Ш.Ҷ курсҳои такмили ихтисосро солҳои 2003, 2009, 2014 ва соли 2012 бозомӯзии  касбиро дар заминаи ДТБКСТ ҶТ аз рӯи ихтисоси «Ташхиси ултрасадо» гузашта,  иштирокчии семинарҳои омӯзишӣ мебошад. Сайдаҳмадова Ш.Ҷ дар мавзӯи: «Хусусиятҳои инкишофи пренаталии тифлон дар занҳои дорои ҷоғари эутиреоидӣ ва гипотироксинемияи гестатсионӣ» кори илмӣ бурда истодааст.


ГАДОЕВА КИЗЛАРОЙ БЕГНАЗАРОВНА

(тав. 10.11.1968, нохияи Хамадони), омузгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1995). Дар давоми тахсил хамшираи тибби шуъбаи чаррохихои таъчилии Беморхонаи чумхуриявии ба номи Дяков (1992-1994), духтури кудаконаи МСШ №2 (1996-1998), тахсил дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби  Точикистон (1998-1999), акушер-генекологи табобатхонаи марказии н. Хамадони (1999-2003). Аз соли 2010 ассистенти кафедраи момои ва беморихои занонаи Коллечи тиббии чумхурияви мебошад. Барои такмили донишу малакаи донишчуён мунтазам дарсхои намунави, махфилхои фанни ва конфронсхо мегузаронад. Иштирокчии семинархои чумхурияви o Ифтихорномаи иттифоки касаб ва Вазорати Тандурустии ЧТ мукофотонида шудааст.

Статяхои навишта: “Дастовардхо ва имкониятхо дар сохаи солимии репродуктиви, бехтаркунии солимии модар ва кудак.” Соли 2014.

“Чараёни зоиш ва окибатхои перинаталии занхои баъди чаррохии пайи кайсаридошта”. Соли 2019.


ЭСАНАЛИЕВА ШАХЛО АКРАМОВНА

(тав.1968). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1991).   Аз соли 2006 омузгори кафедраи момои ва беморхои занонаи Колечи тиббии чумхурияви мебошад. Иштирокчии суминархои чумхурияви. Аълочии тандурустии Чумхурии Точикистон.


ЛИСНЯК АЛЕКСАНДРА ВИКТОРОВНА

(тав. 16.03.1980, ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2002). Баъди анЧоми таҳсил дар МАГИСТРАТУРА (2005). Духтур акушер-гинекологи Беморхонаи марказии н. Хуросон (2005 – 2008), аз соли 2009 омӯзгори кафедраи акушери ва гинекологи “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”. Дар корҳои ҷамиятии кафедра ва коллеҷ фаъолона иштирок намуда, оиди таълиму тарбия миёни донишҷӯён соатҳои тарбиявӣ ва маҳфилҳои фаннӣ мегузаронад, иштирокши фаъоли дарсҳои кушоду намунавӣ, семенару конфронХои ЧумХуриявИ. Ос. : Оценка качества обучения семейных медицинских сестЕр // Вестник Академии медицинских наук Таджикистана. Д., 2019 (Хаммуаллиф); Особенности генеративной функции женщин с тромбоцитопеничкской пурпурой // Вестник Академии медицинских наук Таджикистана. Д,. 2019 (ҳаммуаллиф).


ҲОМИДОВА ФАРАНГИС ИСМАТУЛЛОЕВНА

5 январи соли 1989 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шудаам. Соли 1995 ба мактаби таҳсилоти умумии № 95 дохил шудам ва соли 2006 литсей № 55 ба таври экстернӣ хатм намудам. Соли 2006 ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудам ва донишгоҳро соли 2012 хатм намудам. Аз соли 2012 то соли 2014 фаъолияти худро дар кафедраи «Акушерӣ ва гинекология» № 1 Донишгоҳи давлатии тиббӣ Тоҷикистон ба ҳайси ординатори клиникӣ бо ихтисоси акушер-гинеколог оғоз намудам. Соли 2014 ординатураи клиникиро бо баҳои «аъло» хатм намудам. Аз соли 2015 дар кафедраи «момои ва бемориҳои занона» Колеҷи ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омузгори асосӣ ко рва фаъолият менамоям. Оиладор . Соҳиби 3 фарзанд. Шавҳарам Худойбердиев ҷаҳонгир дар МД МСШ № 14 ба ҳайзи духтури «гӯшу гулӯ ва бинӣ» фаъолият менамояд.


САЙДАЛИЕВА САЛОМАТ БАЛЛАЧОНОВНА

(тав 26.08.1989), омузгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2014), интернатура солхои 2016-2017, аз соли 2017 омузгор дар кафедраи акушери ва гинекологии МДТ “Коллечи тиббии чумхурияви” Иштирокчии фаьоли семинархои омузиши, конфронсхои илми, бо истифода аз усулхои муосири таьлим машгулиятхоро мегузаронад.


АМИРОВА ГУЛХУМОР ХОЛМАДОВНА

 (тав. 23. 02. 1964), омузгор, Аьлочии тандурустии Точикистон, духтури дарачаи оли, хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали Ибн Сино (1988), тахсил дар интернатура (1988- 1989 ), акушер-гинекологи МСР 7 шахри Душанбе (1993-2003), директори МСР- и шахри Чкалови вилояти Сугд (2003-2009), муовин оид ба табобати Маркази саломатии шахрии 7 (шахри Душанбе) (2009-2010), мудири шубаи тандурустии нохияи Фирдавси дар шахри Душанбе (2010-2012), муовини директор оид ба хизматрасонии тибби ба модар ва кудак дар Маркази саломатии шахрии 1 (2012-2014) ва директори хамин марказ аз соли 2014 ин чониб, хамзамон аз соли 2011 ассистенти кафедраи акушери ва гинекологии МДТ “Коллечи тиббии чумхуриявӣ”


ҲАБИБОВА ШАҲЛО АБДУЛЛОЕВНА

(тав. 23.08.1968, ноҳияи Ҳамадонӣ), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1991). Таҳсил дар интернатура (1991–92), акушер-гинекологи Маркази солимии репродуктивии №11 (1992–2006), директори МСР №1 (2006–14),директори Маркази саломатии шаҳрии №12-и ш. Душанбе (то 2014), мудири шуъбаи солимии репродуктивии МСШ № 1 (аз 2019), ҳамзамон ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  (аз 2010).


АБДУЛЛОЕВА МАЙСАРА САЪДУЛЛОЕВНА

(тав. 10.04.1970, ноҳияи Ҳамадонӣ), омӯзгор. Хатмкардаи  ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1995). Духтури интерн (1995-97), акушер-гинекологи Беморхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ (1998-2001), акушер-гинекологи МСРШ (2001-09) буд. Аз моҳи ноябри соли 2009 муовини директор оид ба корҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарону  кӯдакон дар Маркази саломатии шаҳрии №12, аз соли 2017 мудири шуъбаи хизматрасонии тиббӣ   дар Маркази  солимии репродуктивии шаҳри Душанбе, ҳамзамон ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  мебошад (аз 2014).


ГУЛАКОВА ДИЛБАР МУҲАММАДҶОНОВНА

(тав. 25.7.1970), духтури тахассуси дараҷаиолӣ, номзади илми тиб (2006), Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1993). Таҳсил дар интернатура аз рӯи ихтисоси акушер-гинеколог (1993–94), ходими калони илмии бахши илмии гинекологияи эндокринологӣ ва репродуктологӣ, духтури функсионалист-ташхиси ултрасадо дар МД ПАГ ва П (аз 2019), ҳамзамон (аз соли 2010) омӯзгори соатбайъ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” . Оиди шаклҳои вазнини гестозҳо дар Тоҷикистон пажӯҳиш анҷом додааст.


ҲАЙДАРОВА МАВҶУДА МӮСОЕВНА

омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1997). Духтури интерн дар Таваллудхонаи №3-и ш. Душанбе (1997–98), акушер-гинекологи Маркази солимии наслофарии №14-и ш. Душанбе (1998–2005; 2009–12), омӯзгори соатбайъ (2007–09), омӯзгори асосии кафедраи акушерӣ ва гинекологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2015).


НОРБУТАЕВА ТУРДИХОН ТӮРАҚУЛОВНА

номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1975). Фаъолияти кориашро ба ҳайси акушер-гинеколог оғоз намудааст (1975–82). Таҳсил дар ординатура дар заминаи кафедраи момоӣ-гинекологӣ (1982–84), духтури Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе (1984–2001). Аз соли 2001 омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Бо истифода аз усулҳои муосири таълим барои донишомӯзон соатҳои тарбиявию конференсияҳои фаннӣ мегузаронад.


ШОМАҲМАДОВА НИЛУФАР АШУРАЛИЕВНА

(тав.23.02. 1995, н.Данғара), омӯзгор.  Хатмкардаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ихтисоси момодоя (соли 2017) ва  курси “Мактаби духтарони сарвар” дар назди Кумитаи Кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар  кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият мекунад (аз соли 2017)  Роҳбарии маҳфилҳои фаннии донишҷӯёнро ба уҳда дошта, иштирокчии семинарҳои омӯзишӣ буда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона дорад.


СУЛТОНОВА МАВҶУДА КИМСАНОВНА

 (тав.1968, ш.Душанбе), омӯзгор.  Хатмкардаи омӯзишгоҳи тиббии ш.Душанбе бо ихтисоси момодоя (соли 1987)   Аз соли 1987 – 1990 дар БМШ  №2 бо хайси момодоя фаъолият намудааст.  Аз солҳои 1990 -2016 дар  МД ПАГ ва П  бо ҳайси сармомодояи калон ва аз соли 2016 – 2019 дар МДМТ “Истиқлол” бо ҳайси сармомодояи  қисми таваллудхона фаъолият намудааст. ҳамзамон ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (аз соли 2010) ва аз соли 2019 ба ҳайси омӯзгори асосӣ фаъолият менамояд.


ХОЛОВА МУСЛИМА ИНОМҶОНОВНА

(тав. 27.05.1970, ноҳияи Спитамен), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1993). Таҳсил дар интернатура (1993–94), акушер гинекологи Бемористони марказии ноҳияи Спитамен (1994-2005), Маркази саломатии шаҳрии №11- и шаҳри Душанбе (2005–11), омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (аз соли 2012).Иштирокчии семинарҳои омӯзишӣ буда, курси такмили ихтисосро дар    заминаи ДТБКСТ ҶТ (соли 2017) гузаштааст. Дар рафти таълиму тарбияи шогирдон ҳамасола маҳфилҳои фаннӣ, дарсҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳо гузаронда, иштирокчии фаъоли чорабиниҳои ҷамъиятист.


БОБОЕВА МУҲСИНА ДАВЛАТОВНА

(тав. 1969, ноҳияи Айнӣ), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992). Таҳсил дар интернатура (1992–93). Духтур акушер-гинекологи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ,гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон (1993-98), акушер-гинекологи Бемористони марказии ноҳияи Айнӣ (1998-2010), омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2010). Дар чорабиниҳои ҷамъиятии кафедра ва коллеҷ ширкати фаъол дошта, баҳри такмили дониши шогирдон маҳфилу конфронсҳои фаннӣ доир менамояд. Бо ифтихорномаи ВТ ва ҲИА ҶТ сарфароз гардонида шудааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.