Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНОНИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: БАРРАСИИ ЯК ҚАТОР МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ

Санаи 9 июни соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати ҷонноксозии фаъолияти таълимии кафедраҳои тахассусӣ ва деканатҳои факултетҳо, ташкил ва баргузорнамоии аттестатсияи хатми донишҷӯён, инчунин назорати иҷроиши дастури роҳбари муассиса оид ба бартарафсозии омилҳои сабабии амалҳои номатлуби коррупсионӣ, ҷаласаи ғайринавбатии назди муовинони директор баргузор шуд. Дар кори ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д., муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ Мамурзода Д.М., сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат доштанд.

Дар оғози ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. яке аз масъалаҳои асосиро матраҳ намуданд, ки ин ҳам бошад зарурати  баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён бо воситаи воридсозии усулу равишҳои муосири таълим, аз ҷумла такмили барномаи таълимӣ, баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон ва беҳтар кардани шароити таҳсили донишҷӯён буд. Ҳамчунин масъалаҳои ташкили раванди таълим, аз ҷумла ҷадвали имтиҳонҳо, гузаронидани онҳо, инчунин баҳодиҳии фаъолияти донишҷӯён низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ пурмаҳсул гузашта, имкон дод, ки бисёр масъалаҳои муҳиме, ки барои баланд бардоштани сифати таълим дар коллеҷ мусоидат менамоянд, баррасӣ карда шаванд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.