Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ ҚАБУЛИ САНҶИШУ ИМТИҲОНҲО ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ ВА БАҲОГУЗОРИИ ОДИЛОНА

Раёсати таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз оғози сессияи тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 назоратро аз болои қабули санҷишу имтиҳонҳо пурзӯр намуда, бо дастури роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода шахсан муовини директор оид ба корҳои таълимӣ мунтазам дар биноҳои таълимии коллеҷ тибқи нақша назорат бурда истодаанд. Мақсади назорат пеш аз ҳама таъмини баҳогузории одилона, шаффофият ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бартарафсозии даст задан ба амалҳои номатлубе, ки мояи паҳншавии сару садоҳои мухталиф миёни донишҷӯён мегарданд.

Ҳамин тавр санаи 10 июни соли ҷорӣ тибқи нақша назорати раванди супоридани санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ дар бинои дуюми муассиса аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. гузаронида шуд. Дар доираи тафтиш муовини директор аз як чанд синфхонаҳое, ки дар онҳо имтиҳонҳо гузаронида мешаванд, дидан намуданд. Ба риояи тартибот, инчунин назорат ба давомоти донишҷӯён, истифодаи аёниятҳои таълимӣ дар ҷараёни имтиҳонҳо диққати хос дода шуд. Қайд карда шуд, ки баҳои одилона ба дониши азбарнамудаи донишҷӯ, кафили таъмини бозори меҳнати дохилӣ бо мутахассисони босалоҳият ва масъулиятнок мебошад.

Дар ояндаи наздик роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тасмим гирифтааст, ки натиҷаҳои имтиҳонҳои ҷориро таҳлил намуда, дар сурати ҷой доштани зарурат ба раванди баргузории имтиҳонҳо ислоҳот ворид намоянд. Ҳамин тариқ, дар муассиса бо баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, омодасозии мутахассисони баландихтисос идома дорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.