МақолаҳоХабарҳо ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РӮШДИ ҶОМЕА Бо admin On Jun 13, 2023 0 Калимаи “Ваҳдат” мазмуни васеъ дошта, бо “Истиқлолият” ва “Озодӣ” ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки “Ваҳдат” мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале чуноне, ки аз таърихи навини кишварамон огоҳӣ дорем ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст. Баъди пош хӯрдани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд. Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омарда, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудааш гуфта буд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…” Ва ба қавли худ устувор монд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Музокироти байни тоҷикон, ки ҳайати Ҳукуматро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо сарпарастии СММ роҳбарӣ менамуданд, 16 январи соли 1994 баргузор гардид. Сарвари давлат борҳо бо муроҷиатномаҳои худ барои ба Ватан баргаштани ҳамватанони гурезаву муҳоҷир таъкид намуда буд: “Бародар аз паи кинаи бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард”. Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Баъдан, ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот гузаронданд. Ҷустуҷӯи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу амонӣ барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт. Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро таи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд. Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳимми сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Бо тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гуруҳӣ ва ғайра мақоми дуюм ва сеюмдараҷа доранд. Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Воқеан ҳам имрӯз ҳар як сокини шарафманди миллати мо дарк намудааст, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар пешрафти ҷомеа нақши ниҳоят калон дорад. Чунки маҳз ҳамин ваҳдату якдигарфаҳмӣ аст, ки кишвари азизи мо рӯз то рӯз зебо ва пешрафта гашта истодааст. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст. Лекин барои пойдории ваҳдати миллӣ ҳар яки моро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Чунки дар давраи кунунии ҷаҳонишавӣ ба тамоми имконияти рӯи замин хатари раванди муқобилгузории тамаддунҳо таҳдид мекунад ва ҳар гуна равияҳои мутаассиб ва тундгароёна низ маҳз ҳамин хавфу хатар тавлид меёбанд. Дар робита ба ин вазъият ҳар яки мо – соҳибватанонро зарур аст, ки хотири ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодиамон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба қадри неъмати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расидан рисолати ватандӯстӣ ва худшиносии ҳар фарди ҷумҳурист. Муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оид ба корҳои мамурӣ ва хоҷагӣ Мамурзода Диловар Мамур 0 Мубодила кардан