Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МУҲОКИМАИ ҶУЗЪИЁТҲОИ КУШОДАШАВИИ БИНОИ ОСОИШГОҲИ ТАЪЛИМӢ-ТАҶРИБАВӢ ВА ФАРОҒАТИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Дар замони муосир мавҷудияти осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ дар назди муассисаи таълимии тиббӣ як қатор имкониятҳои васеъро барои таълиму тарбияи мутахассисони баландтахассус фароҳам оварда, боиси рушди иқтидори таълими амалии муҳассилин мегардад.

Метавон як қатор ҷиҳатҳои мусбии мавҷудияти чунин пойгоҳи таълимиро номбар кард, ин ҳам бошад таҷрибаомӯзии бемамонияти донишҷӯён дар болои бистари беморон, татбиқи амалии донишҳои назариявӣ, пешниҳоди хизматрасонии тиббии сифатнок ба аҳолӣ, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби васеи иштироки донишҷӯён ва инчунин рушди тахассуснокии омӯзгорон мебошад.

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ибтикори директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода сохтмони чунин як осоишгоҳ дар минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб оғоз гашта, айни замон корҳои сохтмонию таъмирӣ пурра ба итмом расидаанд. Баҳри ба истифда қарор додани биноҳои осоишгоҳи мазкур тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус дар ҳайати директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал-майори адлия Воҳидзода Ҳ.С. ва Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Х.Н. таъсис дода шудааст.

Санаи 13 июни соли 2023 ҳайати комиссияи мазкур баҳри баррасии ҷузъиётҳои ба истифода додани осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб, ба ин даргоҳ ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадрро директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Ш.С. роҳбаладӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии муҳассилини факултетҳои фарматсевтӣ, истироҳати кормандон ва фарзандони онҳо мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Осоишгоҳ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин дар осоишгоҳи мазкур “Маркази ташхисӣ-табобатӣ ва таълимӣ” ва маркази таълимӣ – истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” фаъолият доранд. Дар саҳн ва боғи осоишгоҳ гулу гулбуттаҳо, растаниҳои шифобахш ва дарахтони мевадиҳанда аз ҷумла себ, олуча, шафтолу ва ғайра шинонида шудаанд, ки донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолиро оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар ин ҷой мегузаронанд.

Дар анҷоми боздид, намояндагони Ҳукумат ба таъмир ва ҷиҳознокии биноҳои  осоишгоҳ баҳои баланд дода, иброз доштанд ки осоишгоҳ барои истифода пурра омода аст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.