МақолаҳоХабарҳо СУЛҲУ ВАҲДАТ- ПОЙДЕВОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ Бо admin Охирин навсозӣ Jun 13, 2023 0 Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздику дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево содо медиҳанду бевосита шунавандаро ба фикр водор месозанд, яъне мафҳуми сулҳ чист?, Ваҳдат чист? Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори осоиштагӣ буда, ватандӯст будани ҳар як фардро инъикосгар аст.Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дӯсту бародар будани халқҳои дунё, амну оромӣ дар саросари кишварҳо мебошад.Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” , марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гуруҳӣ ва ғайра мақоми дуюм ва сеюмдараҷа доранд. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори сардори давлат, албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Чи гунае ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад». Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба дастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетики, раҳои ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқавори зина ба зина амалӣ рӯ ба тараққӣ намуда истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдусти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимой бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин хоҳад гардид. Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидонбошад! Ва аз забони шоир мегӯем: Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад, Ӯ ба иқболу саодат мерасад. Омӯзгори кафедараи «Фармакология ва забони лотинӣ» – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Буриев Ф.Ҳ 0 Мубодила кардан