Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ НАҚШАВИИ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 16 июни соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷиҳати таъмини риояи тамоми қоида ва талаботҳои Низомномаи Аттестатсияи хатм ва пешгирии сарзании ҳолатҳои номатлуб аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ назорати нақшавии ҷараёни қабули аттестатсияи давлатии хатм гузаронида шуд.

Зимни гардиш муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. арзёбии сатҳи ташкил, мавҷудияти тамоми ҳуҷҷату маводҳои таълимӣ, инчунин кори ҳайати омӯзгорону кормандони масъули итиҳонҳоро гузаронида, барои гузоштани баҳои одилона ба донишу малакаи донишҷӯ ба имтиҳонгирандагон тавсияҳои муфид доданд. Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки иштироки пурраи хатмкунандагонро дар имтиҳон таъмин намуда, барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб аз қабили иштироки ашхоси бегона дар раванди имтиҳонҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Муовини директор дар асоси натиҷаҳои гардиши нақшавӣ аз сифати омодагӣ ва гузаронидани имтиҳонҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, маҳорати касбии омӯзгорон ва масъулияти баланди донишҷӯёнро алоҳида қайд намуданд. Ҳамчунин таъқид карда шуд, ки такмили раванди таълим ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим пайваста гузаронида шавад.

Дар охир муовини директор ба донишҷӯён таманно намуд, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият супоранд ва дар фаъолияти касбии минбаъда ба қуллаҳои нав ноил гарданд. Аз омӯзгорон низ даъват ба амал оварда шуд, ки минбаъд низ донишу таҷрибаи худро барои ба камол расидани мутахассисони ҷавон сарф намоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.