НАЗОРАТИ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Имтиҳонҳои давлатӣ марҳилаи муҳими омодасозии мутахассисони ояндаи соҳавӣ мебошанд, зеро онҳо имконият фароҳам меоваранд, ки ба дараҷаи дониш ва маҳорати амалии хатмкунандагон баҳо дода шуда, мувофиқати таълими онҳо бо стандартҳои давлатӣ муайян карда шаванд.
Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, хоса дар коллеҷҳои тиббӣ гузаронидани имтиҳонҳои давлатӣ шарти ҳатмии гирифтани диплом ва фаъолияти касбӣ дар соҳаи тиб мебошад. Илова бар ин, имтиҳонҳои давлатӣ қисми системаи умумидавлатии назорати сифати таълим буда, имкон медиҳанд то мушкилотҳои ҷойдоштаи омодасозии мутахассисони соҳавӣ муайян карда шуда, баҳри беҳтарсозии сатҳи сифати таълим чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бояд гуфт, ки гузаронидани имтиҳонҳои давлатӣ дар коллеҷҳои тиббӣ аз масъулини муассисаҳои таълимӣ омодагии ҷиддӣ ва муташаккилиро талаб мекунад. Ин на танҳо омодасозии хатмкунандагон, балки тартиб додани маводҳои имтиҳонӣ, аз қабили аёниятҳо, таҷҳизотҳо ва муляжҳои тиббӣ мебошад.
Ҳамин тариқ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз санаи 15 июни соли 2023 тибқи фармоиши директори муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, Нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҷадвали тасдиқгардидаи шуъбаи таълимии муассиса Аттестатсияи хатм оғоз гардид. Баҳри назорати иҷроиши талаботҳои Низомномаи аттестатсияи давлатии хатм ва фармоишу дастурҳои роҳбари муассиса, санаи 15 июн муовини директор оид ба корҳои таълимӣ аз ҷараёни қабули имтиҳонҳои давлатӣ дар кафедраҳои гуногун дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва шаффофтар гардонидани раванди имтиҳонҳо тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.
Зимни санҷиш ба сатҳи баргузории имтиҳонҳо ва дараҷаи ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо аёниятҳои таълимӣ баҳои баланд дода шуд. Қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани имтиҳон ҳамчун усули асосии назорати сатҳи донишандӯзӣ ва сифати таълим ба дониши хатмкунанда баҳои объективӣ дода шавад.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, таҳти роҳбарии н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар омодасозии кадрҳои баландихтахассуси соҳаи миёнаи тиб талош дошта, минбаъд низ тамоми қувва ва имкониятҳои худро баҳри амалисозии ин ҳадаф истифода хоҳанд бурд.