Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ ҶАРАЁНИ ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТӢ АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Оид ба ҷараёнгирии имтиҳонҳои давлатӣ мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иттилоот дода бошем ҳам, бо камоли мамнуният қайд кардан мехоҳем, ки рафти супурдани имтиҳонҳо ба таври шоиста таҳти назорат гирифта шудаанд. Ҳамин тавр санаи 22 июни соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ назорати нақшавии ҷараёни имтиҳонҳои давлатиро гузаронида, баҳодиҳии объективии донишу малакаҳои донишҷӯёнро таъмин намуданд.

Зимни назорат муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки ба тартиби ҳуҷҷатнигорӣ диққати хос дода, сари вақт оид ба натиҷаи имтиҳонҳо ҳисобот манзур намоянд. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки дар ҷараёни имтиҳонҳои давлатӣ қоидавайронкуниҳо ва ё дигар ҳолатҳои номатлуб мушоҳида нашуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.