Хабарҳо ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ИЛМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jun 22, 2023 0 Мавҷудияти кормандони дорои унвони илмӣ омили муҳими рушду пешрафти соҳаи тиб мебошад, зеро кормандони мазкур дар соҳаи худ дониш ва таҷрибаи амиқ дошта, дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, коркарди усулҳои нав, инчунин баланд бардоштани сифати амалияи тиббӣ саҳми арзанда мегузоранд. Кормандони дорои унвони илмӣ дар ҷомеаи илмӣ нақши асосиро бозида, дар паҳн кардани донишҳои нав ва интиқоли таҷриба ба мутахассисони ҷавон саҳм мегузоранд. Онҳо инчунин метавонанд дар таълими донишҷӯён ва роҳнамоии тадқиқоти онҳо ҷалб карда шаванд. Дастовардҳои илмии онҳо барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тиббӣ мусоидат мекунад. Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, хоса директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба фаъолияти илмии кормандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, онҳоро дар ин самт фаъолона дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла барои иштирок дар конфронсҳо ва нашри мақолаҳои илмӣ дастгирии молиявӣ расонида, инчунин конфронсҳо, семинарҳо, тренингҳо ва форумҳои илмӣ ташкил менамоянд, то кормандон тавонанд бо ҳамкасбони соҳибтаҷрибаи худ мубодилаи таҷриба намоянд. Ҳамин тавр санаи 22 июни соли ҷорӣ яке аз кормандони фаъоли муассиса, мудири кафедраи “Ҷарроҳия” Давлатов Ҷамшед Ҷурахонович, ки қаблан оид ба ҳимояи рисолаи илмиаш ахборот пешкаш карда будем, соҳиби дипломи номзади илмҳои тиб гаштанд ва роҳбарияти Коллеҷ номбурдаро бо гирифтани шаҳодатномаи унвони номзади илмҳои тиб самимона табрик мегӯянд. Ин дастоварди бузургест, ки садоқати ин кормандро ба илм ва таҷрибаи барҷаста дар соҳаи тиб тасдиқ мекунад. Саъю кӯшиш, ғайрат ва майлу хоҳиши ин корманд ба дониш ва илм сазовори баҳои баланд аст. Саҳми Давлатов Ҷамшед дар таҳқиқот ва рушди илми тиб барои коллеҷи мо ва тамоми ҷомеаи тиббӣ муҳим аст. Раёсати МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва тамоми кормандону омӯзгорон аз комёбиҳои кормандони унвондошта ифтихор карда, ба ҳамаи онҳо барои фидокорӣ ва саҳм ба рисолати умумии мо дар сохаи маориф ва тандурустй миннатдорӣ баён менамоянд. Ба Давлатов Ҷ.Ҷ. дар фаъолияти илмии минбаъда муваффақиятҳои минбаъда орзумандем. Умедворем, ки дастоварди шумо дигар кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи моро ба пешрафт ва ҷустуҷӯи дастовардҳои илмӣ рӯҳбаланд хоҳад кард. Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” минбаъд низ саъй мекунанд, ки барои фаъолияти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда, кормандон тавонанд аз ҷиҳати касбӣ рушд кунанд ва дар рушди илми тиб саҳм гузоранд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан