Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САФАРИ ХИЗМАТИИ ҲАЙАТИ КОРИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “ТАҲКИМИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАВОНБАХШӢ” БА ШАҲРИ ТИФЛИСИ ҶУМҲУРИИ ГУРҶИСТОН ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

Муносибатҳои байналмилалӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” нақши муҳим доранд. Дар давраи ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму технология, мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо мушкилот ва имкониятҳои нав рӯ ба рӯ мешаванд, ки фаҳмиши васеъ ва ҳамкории байналмилалиро талаб мекунанд.

Аввалан, равобити байналмилалӣ ба омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ имкон медиҳад, ки ба дониш ва таҷрибаҳои муосири тиббӣ дастрасӣ пайдо карда, онро дар касби ояндаи худ татбиқ намоянд. Мубодилаи таҷриба ва дониш бо ҳамкасбон аз дигар мамлакатҳо ба васеъ шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани сифати таълими тиббӣ ёрӣ мерасонад.

Сониян, ҳамкорӣ бо шарикони байналмиллалӣ ба коллеҷи тиббӣ имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва муҳаққиқони баландихтисос аз кишварҳои гуногун ҷалб карда шаванд. Ин ба баланд шудани сатҳи таълиму тадқиқоти илмӣ мусоидат намуда, инчунин ба рушди навовариҳо дар тиб мусоидат мекунад.

Дар робита бо гуфтаҳои боло МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҳти роҳбарии н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тули солҳои охир бо як қатор ташкилоту созмонҳои бонуфузи хориҷӣ ҳамкориҳои судманди бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст, ки оид ба онҳо мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва сомонаи коллеҷ иттилоот пешниҳод мегарданд.

Ҳамин тавр дар доираи лоиҳаи “Таҳкими хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар системаи нигоҳдории тандурустӣ” бо ташкилоти Momentum Wheels for Humanity  гурӯҳи корӣ дар ҳайати директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, якчанд кормандони бахшу сохторҳои дахлдори муассиса таъсис дода шуда, барои баррасии масъалаи таҳкими хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар ҷумҳурӣ, ба шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон сафари хизматӣ намуданд. Дар доираи барномаи сафари хизматӣ роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо намояндагони вазоратҳои маориф ва тандурустии Ҷумҳурии Гурҷистон вохуриҳо гузаронида, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин дар доираи барномаи омӯзишии сафари мазкур мубодилаи таҷриба гузаронида шуд, ки ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ниҳоят, роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо рушди муносибатҳои байналмилалӣ ба роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таълимии тиббии хориҷа мусоидат менамоянд. Ин метавонад дарҳои табодули таҷрибаро барои омӯзгорону донишҷӯён боз карда, ба онҳо имкон медиҳад, ки таҷрибаи гаронбаҳои корӣ дар кишвари дигар пайдо карда шавад ва ҷаҳонбинии касбии онҳо васеъ гардад.

Дар маҷмӯъ, аҳамияти муносибатҳои байналмилалӣ барои коллеҷи тиббӣ раднопазир аст. Онҳо ба беҳтар шудани сифати таълим, вусъати тадқиқоти илмӣ, табодули фарҳангӣ ва васеъ намудани имкониятҳои касбии донишҷӯён мусоидат мекунанд. Коллеҷҳои тиббӣ бояд робитаҳоро бо шарикони байналмилалӣ фаъолона инкишоф диҳанд ва нигоҳ доранд, то аз навтарин тамоюлҳо ва пешрафтҳои соҳаи тиб огоҳ бошанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.