Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст..Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд,ки дар ин радиф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нест кардани равандҳои терористию экстремистӣ,якчанд қонун ва санадҳо қабул карданд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.