Бо фаро расидани мавсими пухта расидани сабзавоту меваҷотҳо имрӯзҳо мардум барои омодасозии хуришҳо баҳри захира дар фасли сармо омодагӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз баҳри дуруст омода сохтан ва тайёр намудани маҳсулотҳои консервакунонидашуда байни аҳоли корҳои фаҳмондадиҳи ба роҳ монда шудааст. Асосан вақти омодасозии маҳсулотҳои консервавӣ охирҳои моҳи август ва аввали сентябр мебошад. Дар ин вақт маҳсулоти истифодашаванда ба таври кофӣ пухта мерасад ва ҳарорати ҳаво низ мувофиқ ба омодасозӣ маҳсулот мегардад. Тарзи нодуруст ва ба ҳолатҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани молу маҳсулотҳои истифодашаванда метавонад, ки ин маҳсулотҳои омодашуда мушкилиҳои зиёдеро ба миён оварад. Яке аз паҳншудадатарин ва оризаноктарин беморие, ки дар байни аҳолӣ маъмул аст Ботулизм (Ҳасибак) мебошад, ки каме дар бораи он маълумот пешниҳод мекунем. Ин бемори асосан аз истеъмоли маҳсулотҳои консервашуда ба вуҷуд меояд. Аз табобати ин беморӣ хуб аст, ки мо асосан ба пешгирии он таваҷҷуҳи зиёд дошта бошем чунки марганҷомии хело баланд дорад.
Ботулизм – ин бемории вазнин ва барои ҳаёт хатарнок буда, марганҷомии баланд дорад ва ба системаи асаб зарар мерасонад.
Ботулизм – бемории шадиди сирояти буда, механизми интиқолаш фекаливу оралӣ аст, аз гурӯҳи токсининфексияи хӯроквориҳо, бо ботулотоксин системаи асабро иллатнок месозад.Тавассути маводи ғизоӣ метавонад ду намуди ботулизм мегузарад: кӯдакона ва ғизоӣ. Ботулизми кӯдакона ниҳоят кам дида мешавад, ва асосан сироятёби ҳангоми истеъмоли асал ба вуқӯъ меояд.
Ин бемори аз асри 18 боз маълум аст , вай аз калимаи юнонии allontinsa – ҳасиб, ichtis – моҳӣ , ки тасодуфан аз ҳасиб заҳролуд шудааст. Ҳасиб аз калимаи лотинии botueis буда, онро Э.Ван-Эрменч (1896) мавриди истифода қарор дод. Дар солҳои минбаъда аз ҳасиби гов ва дар Германияву Россия аз ҳасиби дуддодашуда низ заҳролуд шудааст.
Сабаби беморӣ (этиология): Беш аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хуришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахуди сабз ва замбурӯғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда мешаванд.