Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Рӯзҳои таҷлили ҷашни бузург – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, замони андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Зеро танҳо ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромӣ ва рушду пешрафти кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқона заҳмат кашем, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ба таври сазовор адо намоем.

Бешубҳа, тамоми дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаҳои ҳаётан муҳим, ҳама бевосита ба кору фаъолияти созанда ва хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.

Ҳамагон медонанд, ки  баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳурии мо низ дар баробари дигар кишварҳои умумииттифоқ истиқлоли хешро ба ҷаҳониён эълом кард. Аммо доираҳои бадхоҳ, хоинони кишвар ва душманони миллат бо супориши хоҷагони хориҷии хеш дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандиро баланд намуданд. Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Ҷанги шаҳрвандӣ барои миллати мо хисороти азимеро ба бор оварду боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Албатта, муноқишаҳои сиёсӣ, ҷанги гражданӣ ва умуман задухӯрдҳои мусаллаҳона дар таърихи башарият ҳодисаи нав нестанд. Инсоният садҳо ҷанги дохилии кишварҳо ва сарзаминҳоро ёд дорад, ки бо оқибатҳои бисёр даҳшатноку вазнин анҷом ёфтаанд.

Аммо  ин ҷанг барои миллати мо як нанг буд. Зеро бузургони мо дар эҷодиёти пурмӯҳтавои худ моҳиятан тафаккури умумисайёравиро рӯи кор овардаанд ва ғояи башардӯстию ваҳдати халқҳои ҷаҳонро ба миён гузоштаанд. Аҷдоди мо мардуми кулли сайёраро ба ваҳдату ягонагӣ мехонданду чанд гурӯҳи фирефташуда мехостанд худи моро ба  гирдоби ҷанг тела диҳанд.

Дар он рӯзҳои сахт таҷрибаи талхи  нахустин давлати милли тоҷикон – Сомониён ҳамвора пеши назар меомад. Он давра ҳам душманони миллати тоҷик тавониста буданд бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд, ки дар натиҷа, давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст овард.

Ана, дар ҳамон гуна даврон, дар замоне ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани давлат ва тамомияти арзӣ пеш омада буд, мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд, ҷанги таҳмилӣ тару хушкро  баробар месӯхт, ҳисси тарс, қатлу куштор, ваҳшат, нафрат ва кинаву адоват ҷомеаро танг ба оғӯши худ гирифта буд, масъалаи низоми давлатдории тоҷикон берун аз марзҳои он ҳал мешуд, миллат ва давлати мо ба  зуҳури як шахсияти хориқулодаи сиёсӣ ниёз дошт. Нафаре, суханаш ба гӯши ҳама қишрҳои ҷомеаи парокандашуда  мерасид. Шахсияте, ки сарнавишти ояндаи моро бояд менавишт.

Зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат маҳз ба ҳамин даврони ҳассос рост омад. Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар Қасри Арбоби  шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфт,  фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони халқ ба маснади олии кишвар интихоб гардиданд.

Дар ин иҷлосия роҳбари тозаинтихоби давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон парчами мамлакатро чун рамзи садоқат бӯсида, савганд ёд карданд:

«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам. Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зурӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».

Ғояи Истиқлолу давлатдории миллӣ, ки тӯли садсолаҳо дар замири ин миллати аз ҷабри таърих ҷафокашида парвариш меёфт, инак дар симои ӯ намоди барҷаста дарёфта буд. Эмомалӣ Раҳмон пас аз ин иҷлосия ба намоди истиқлол ва миллатпарастӣ табдил ёфтанд.

Аслан чеҳраҳои барҷаста ва тавонманду шуҷоъ ҳастанд, ки таърихро месозанд. Чун  масъулияти наҷоти Ватану миллат дар лаҳазоти сарнавиштсозу ҳассоси ҳама давру замонҳо маҳз ба шахсиятҳои бузург вогузор мешавад. Ба ин маънӣ, нависанда ва файласуфи шотландӣ Томас Карлейл ҳам барҳақ гуфта, ки “таърихи ҷаҳон зиндагиномаи абармардон асту бас.”

Ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон мисли Сиёвуш аз даруни оташ гузашта, бо ҷонбозиҳои зиёд тавонистанд барои барқарорсозии сулҳ камари ҳиммат банданд ва муваффақ шаванд.

Ва ақлу хиради азалӣ, сабру таҳаммул ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат саранҷом самар ба бор оварданд. Мо ба Ваҳдат расидем. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва  марҳилаи тӯлонӣ, фоҷеабору душвортарини тоҷикон анҷом ёфт.

Ҳангоме ки ба Созишномаи истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар шаҳри Маскав имзо гузошта шуд, мардуми кишвар нафаси озод кашид, ба дилҳои хаставу ғамгин  нури умед ба ояндаи нек дамид. Рӯзи хушбахтии миллат буд рӯзи Сулҳ. Дар пойтахти кишвар пиру барно  ҳамдигарро шодбошгӯён дар майдони назди бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи устод  Садриддин Айнӣ ҷамъ омада буданд. Он лаҳзаҳо хурсандиву сарфарозии мардум интиҳо надошт. Шеъри ватандӯстона ва ваҳдатофарини устод Лоиқ  дар фазои кишвар танинандоз буд ва мужда аз рӯи неку саодати миллат медод:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Сулҳу ваҳдати мо воқеан як неъмати бебаҳост ва ҳама кишварҳо ва муассисоту ташкилоти байналмилалии сулҳхоҳу амниятпарвари олам майлу рағбати шиносоӣ ва омӯзиши роҳу равиш ва тариқаи сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки асосгузору меъмор ва оварандааш муҳтарам Эмомали Раҳмон аст, намуданд, то ба истифода аз он дигар масоил ва мушкилотеро, ки дар дигар кишварҳои олам воқеъ буд худро мувофиқ гардонанд.

Имрӯз бояд шукрона кунем, ки мо миллату мардуми ин хоку ин сарзамин аз баракату шарофати Пешвову раҳнамои некбину хайрандеш ва оқилу одили худ дар домани сулҳу ваҳдат зери фазо ва муҳити амну ором ва осӯда бо ҳам дӯсту иттифоқ хушу хуррам ҳаёт ба сар мебарем ва бо умеди фардои дурахшон рушду нуму дорем.

Рӯзи ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад. Зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳоямон, ки ҳар яки мо бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ будем, заминаи воқеӣ гузошт. Имрўз мо, ваҳдати миллиро, ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод карда ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Мо вазифадорем, ки ба хотири Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, барои пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, ҷавонон таҳкими мафкураи миллӣ дар асоси рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарист. Саҳми ҷавонон дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа басо чашмрас аст. Ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯ бошад. Насли ҷавон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, серѓайрату меҳнатдӯст ва солимфикр ба камол расанд. Ҳамзамон ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавононро равнақ дода, дар ин замина месазад, ки дар ниҳодашон муҳаббат ба Ватану арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва дурӣ аз бегонапарастиро ҷо диҳем.

Моро зарур аст, ки ба қадри суботу оромӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон – Тоҷикистон бошем.

Муҳимтар аз ҳама, мо бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда дуруст фаҳмонему нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург буда, ба қадри ин неъмати бебаҳо – Ватан ва соҳибистиқлолӣ расидан масъулияти бузург аст.

Ҳар як фарди худогоҳ бояд бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ дарк намояд, ки Ваҳдати комили миллӣ бо заҳмату худфидоиҳои зиёд ба даст омадааст. Аз ин хотир, таҳкими пояҳои он рисолати аҳли ҷомеа аст. Хосатан насли ҷавон бояд бештар мутолиа намояд, мушоҳидакор бошад ва бо диди наву назари нек барои пешрафти Ватани хеш ҳамеша омода бошад. Онҳоро ҳушёрӣ ва ору номуси меҳандорӣ мебояд, ки он дар заминаи илму маърифат, омӯзиш, заҳмату эҷодкорӣ ва созандагиву ободкорӣ пайдо мешавад.

Сафолова Малика – мудири кафедраи
“Кори ҳамширагӣ дар косметология”-и МДТ
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.