Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jul 1, 2023 0 Санаи 1 июли соли 2023 бо дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷаласаи ғайринавбатии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни кори ҷаласа як қатор масъалаҳои мубрами ҳам фаъолияти таълимӣ ва ҳам фаъолияти тарбиявии муассиса баррасӣ карда шуд. Яке аз масъалаҳои муҳим тибқи рӯзномаи ҷаласа, ин омода намудани ҳисобот аз ҷониби раисони имтиҳонҳои давлатии хатм оид ба рафти имтиҳонҳо, пешрафт ва давомоти хатмкунандагон буд. Дар партави фаъолияти муассиса баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони баландтахассус, ин масъала моҳияти махсус пайдо кардааст. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. таъқид сохтанд, ки дар тартибдиҳии ҳисоботҳои мазкур, ки қисми таркибии ҷараёни арзёбии донишу малакаҳои хатмкунандагон мебошанд, диққати хос дода шавад. Ҳамчунин дар ҷараёни кори ҷаласа масъалаи омодагӣ ба истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Зикр гардид, ки масоили ташкили роҳпаймоиҳо ва ҷашнвораҳо, иштироки фаъолонаи донишҷӯёнро талаб мекунад, аз ин лиҳоз муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас, ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни хоҳишманд ва ихтиёриёнро ба иштирок дар ин чорабиниҳо доданд, зеро бо ин роҳ рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз Ватани хеш дар ниҳоди ҷавонон баланд бардошта мешавад. Инчунин, ба ҷуз мавзӯъҳои таълимӣ ва ватандӯстӣ, мушкилоти мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ низ матраҳ шуд. Муовини директор моҳияти тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва дарки фарқияти фарҳангу миллатҳоро таъкид намуданд. Одилзода И.Ё. аз мудирони кафедраҳо даъват ба амал оварданд, ки онҳо бо ҳамроҳии омӯзгорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар бошанд ва бо ҳар гуна фикру андешаҳои нодуруст , ки дар миёни ҷавонон густариш меёбанд, мубориза баранд. Қайд гардид, ки маҳз фазои маҷозӣ ба яке аз минбарҳои аслии густариши ақидаҳои ифротӣ табдил ёфтааст ва махсусан дар айёми таътил моро мебояд муборизаро бо ақидаҳои ифротӣ шадидтар гардонем. Ҳамин тавр, ҷаласаи назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ пурмазмун ва пурмаҳсул гузашт. Масъалаҳои гуногуни мубрами рӯз бо ҷиддият ва таваҷҷӯҳи зарурӣ баррасӣ гардиданд. Пеш 1 то 13 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан