Чи тавре, ки қайд карда шуд, ҳаракатҳои ифротгарои динӣ истиқлолият ва мавҷудияти ягон давлати мустақилро эътироф намекунанд. Аз ин бармеояд, ки онҳо истиқлолият ва мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҳамчун давлати мустақил эътироф надоранд. Бинобар ин, ҳамчун давлати мустақил аз байн бурдани Тоҷикистон ва ба як ноҳияи хурди хилофати худашон табдил додани кишвари мо яке аз ҳадафҳои ифротгароён мебошад.
Аниқтараш хатари ҷиддии ифротгароён барои Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки онҳо мехоҳанд Тоҷикистонро аз байн баранд ва ҳамчун давлат нобуд созанд. Пас ифротгароии динӣ мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил хатари бевосита дорад. Он арзиши асосии мавҷудияти миллии мо, муқаддастарин сармояи таърихии мо, яъне давлату давлатдории миллии моро ҳадаф қарор додааст. Пас омадани гурӯҳҳои ифротгаро ва пирӯзии онҳо маънои аз харитаи олам, балки аз арсаи вуҷуд нобуд шудани Тоҷикистони моро хоҳад дошт.
Мутаассифона, мамлакатхои бузург, ҳангоми ҳалли масоили ифротгароӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандони мамлакатҳоро ба назар намегиранд ва давлатҳоеро, ки ғосибу истилогаранд, ба таври ниҳону ошкоро дастгирӣ менамоянд. Дар чунин шароити авҷ гирифтани муносибатҳои ноадолатонаи байналхалқӣ эхтимолияти сар задани мавҷи бузурги ифротгароӣ на аз ҳисоби ифротгароён, балки аз миёни шаҳрвандони ҳуқуқу озодиҳояшон поймолшуда дур нест.
Дар муборизаи зидди ифротгароӣ ва терроризм миёни мамлакатҳо ҳамоҳангӣ, фаҳмиши ягона ва иттиҳод вуҷуд надорад. Кам нестанд ҳодисоте, ки давлате як гурӯҳи ифротгароро маҳкум мекунад ва ба зидди онҳо мубориза мебарад, хамзамон дигар давлат мекушад онҳоро ба манфиати худ истифода бикунад.