Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДУЛОБИ ҚАНДӢ ДАР КӮДАКОН

Дӯлоби қандӣ – беморӣ, вобаста бо норасоии мутлақ ё нисбии инсулин

мебошад, ки ба мубодилаи дағалонаи мубодилаи моддаҳо оварда мерасонад. Дӯлоби қандӣ дар байни касолати системаи дохилусоравии кӯдакон ҷои аввалро мегирад. Ду навъи асосии дӯлоби қандиро фарқ мекунанд: мӯҳтоҷи инсулин (ИЗСД) (навъи I, наврасӣ) ва аз инсулин вобаста набуда (навъи II, калонсолӣ). Дар кӯдакон бештар навъи I вомехӯрад.

Сабаби беморӣ (этиология). Сабаби дӯлоби қандӣ то ба охир маълум карда нашудааст. Аҳамияти калон ба моилии ирсӣ, сироятҳои вирусӣ, вайроншавиҳои аутомасунӣ дода мешавад. Омилҳои хатарнок-ин вазъиятҳои таҳоҷумӣ (стрессӣ), осебҳоиҷисмонӣ, миқдори зиёди ангиштобҳо дар ғизо, фарбеҳӣ, камҳаракатӣ (гиподинамия), муолиҷаи беасос бо ҳормонҳои глюкокортикоидӣ ва бо диуретикҳо, мебошад.

Патогенез (бемориоварӣ). Дар асоси инкишофи дӯлоби қандӣ норасоии миқдори инсулин меистад. Норасоии инсулин якбора ба вайроншавии мубодилаи глюкоза оварда мерасонад. Глюкоза дар хун ҷамъ мешавад ва гипергликемия (фаровонии қанд дар хун) инкишоф меёбад (дар меъёр сатҳи глюкоза дар хун 3,3-5,5 ммол/ л-ро ташкил медиҳад). Гипергликемия ба глюкозурия оварда мерасонад. Зичии нисбии пешоб баланд мешавад, ки ин дар бораи аломати беморӣ шаҳодат медиҳад. Глюкозурия полиурияро (сер пешобиро) ҳосил мекунад, дар натиҷа қисми моеии хун паст мешавад ва аломати ташнагӣ пайдо мешавад – полидипсия. Бо ҳамроҳии об вуҷуд электролитҳоро низ гум мекунад: калий, магний, натрий, фосфор, хлоридҳо, калсий. Ғайр аз ин, вайроншавии табдилёбии ангиштобҳо ба чарб, синтези сафеда ва равоншавии чарб аз ҳуҷайра, депои чарбӣ ҳосил мешавад. Дар натиҷа бемор хароб мешавад ва иштиҳо хеле пайдо мешавад (полифагия). Норасоии инсулин ба вайроншавии мубодилаи чарб оварда мерасонад: синтези чарб паст мешавад, порашавии он тез мешавад. Дар хун маҳсули мубодилаи чарби туршнашуда ҷамъ мешавад (ҷисмҳои кетонӣ), ки ин ба ҷунбонидани ҳолати кислотавӣ-асосӣ оварда мерасонад.

Хусусияти сарирӣ (клиникӣ). Дар раванди беморӣ се марҳиларо фарқ мекунанд: вайроншавии имконпазирии таҳаммулнокӣ нисбати глюкоза (диабети потенсиалӣ), вайроншавии таҳаммулнокӣ нисбати глюкоза (диабети дохилӣ, зоҳиршаванда -латентӣ) ва дӯлоби қандии аён (ҳақиқӣ). Диабети имконпазирӣ (потенсиалӣ). Дараҷаи баланди хатари бемориро дорад, аммо инкишофи он шарт нест. Сатҳи (баландии) қанд дар хун ҳангоми дили наҳор ва баъди глюкоза хӯрондан дар ҳудуди меъёр мемонад. Омилҳои хатар ҷой дорад: бемории дӯлоби қанд дар хешовандони наздик, вазни калон таваллуд шудан (зиёда аз 4100г.), вазни зиёдатӣ, зуд-зуд бемор шудан, алалхусус бемориҳои сироятӣ (баногӯш, зуком, сурхча). Диабети дохилӣ, зоҳиршаванда (латентӣ) бо ҷой надоштани падидаҳои сарирӣ тавсиф мешавад. Баландии қанд дар хун ҳангоми дили наҳор дар ҳудуди меъёр буда, вале баъд аз 2 соати глюкоза қабул кардан миқдори қанд дар хун ба меъёри аввала бар намегардад. Диабети аён (ҳақиқӣ). Оиди раванди беморӣ дӯлоби қандии равандаш бошиддат ва дӯлоби қандии равандаш сустро фарқ мекунанд. Аломатҳои бармаҳали диабети бошиддат инҳо мебошанд: ташнагӣ, зуд-зуд ва пешобкунии фаровон, никтурия ва ташнагии шабона, аломатҳои беобшавии вуҷуд: хушкии пӯст ва луобпардаҳо (забон қирмизии равшан). Аксаран, вале на доимо пурхӯрӣ (полифагия) қайд карда мешавад. Аломати муқарраротии беморӣ тез харобшавӣ, то 5- 10 кг, дар муддати кӯтоҳ мебошад. Ба аломатҳои барвақтӣ, инчунин серарақӣ, ларзиши дасту по ва майл ба ғизои ширин, дохил мешаванд. Ҳангоми раванди сусти диабет ба ҳомилони дӯлоби қандӣ аҳамият додан зарур аст – бемориҳои фасодӣ-илтиҳобии пӯст ва луобпардаҳо (ригинасории пӯст (пиодермия), пучаксорӣ (фурункулез), стоматитҳо, газаки фарҷ (вулвитҳо), газаки фарҷу маҳбал (вулвовагинитҳо) дар духтарчаҳо). Агар беморӣ дар марҳилаи аввал ошкор карда нашуда бошад, онгоҳ мумкин аст, инкишофи кетоатсидоз ва дар навбати худ бо инкишофи мадҳушии (комаи) диабетӣ. Хусусиятҳои дӯлоби қандӣ дар кӯдакон Аломатҳои барвақтии дӯлоби қандӣ дар кӯдакон инҳо мебошад: беқувватӣ, зуд хасташавӣ, сартобхӯрӣ, ташнашавӣ, пешобкунии фаровони шабонагӣ (ҳатто дар кӯдакони калонсол), дилбеҳузурӣ, харобшавӣ ҳатто ҳангоми иштиҳои баланд доштан. Нишонаҳои беобии вуҷуд қайд карда мешавад (пӯсти хушки пӯстпартоӣ, луобпарадҳои хушк, забони сурх). Дар рӯйҳо, пешонӣ, қабоқҳо, манаҳ сурхии диабетӣ пайдо мешавад. Дар кӯдакони ширмак волидайн ба он аҳамият медиҳанд, ки парпечҳои кӯдак гӯё ки крахмал карда шудааст, аз сабаби дар рӯи он кристаллҳои қанд ҷамъ мешавад. Сурхшавии устувори пӯсти кӯдак (пӯстпухтагӣ – опрелост), ригинасории пӯст (пиодермия), вайроншавиҳои занбӯруғии пӯст, стоматитҳо, дар духтарчаҳовулвитҳо ё вулвовагинитҳо ба чашм мерасад. Майл ба бемориҳои роҳҳои нафас қайд карда мешавад. Ташхиси лабораторӣ. Нишондиҳандаҳои лабораторӣ инҳо мебошанд: гипергликемия (фаровонии қанд дар хун, дар дили наҳор сатҳи глюкоза 5,5 ммол/л), глюкозурия (аз 2 то 8%), зичии баланди пешоб (зиёда аз 1030). Барои тахминан муайян кардани гликемия (экспресс-услубҳои ташхис) тасмачаҳои индикатории “Декстонал”, “Декстростикс”, “Глюкопрофил”-ро истифода бурдан мумкин аст. Барои муайян кардани қанд дар пешоб “Глюкотест”, “Мултистикс” истифода мебаранд; ҷисмҳои кетониро дар пешоб бо ёрии “Кетостикс” муайян мекунанд. Оризаҳо. Мешаванд махсус вобаста ба беморӣ ва ғайри махсус (дуюмбора), ки бо пастшавии масуният ва ҳамроҳ шудани бемории сироятӣ, вобаста мебошад Оризаҳои махсус ангиопатияи диабетии ҷойгиршавиаш гуногун (ретино-, нефро-, артро-, гастро-, кардиопатия), катарактаи (бенур шудани булӯраки чашм) диабетии дутарафа. Аммо аз ҳама оризаҳои вазнинтарин ин мадҳушиҳо мебошанд. Оризаҳои ғайри махсус сироятҳои фасодноки пӯст, стоматитҳо, вулвитҳо, вулвовагинитҳо, илтиҳоби косачаҳои гурда (пиелонефритҳо) ва ғ.

Муолиҷа. Муолиҷаи парҳезӣ, муолиҷа бо инсулин, варзиши муолиҷавии вояноккардашуда таъин мекунанд. Муолиҷаи парҳезӣ ҳангоми ҳамаи шаклҳои клиникии дӯлоби қандӣ ҳатмист. Принсипҳои асосии он: интихоби фардии (индивидуалии) шабонарӯзии ғизо; парҳез аз ҷиҳати миқдори сафедаҳо, ангиштобҳо, минералҳо, чарбҳо, витаминҳо бояд мувозӣ ва физиологӣ бошад (мизи № 9); ғизогирии шашкарата бо тақсимоти мунтазами калорияҳо ва ангиштобҳо (калориянокии як шабонарӯз: хӯроки наҳорӣ – 25%, наҳории дуюм – 10%, пешин -25%, хӯроки дуюми пешинӣ (полдник) – 10%, шом-25%, шоми дуюм-15%). Аз ғизо ангиштобҳои организм ба осонӣ азхуд мекардагиҳоро ихтисор менамоянд. Муолиҷаи доруворигӣ. Асосан дар муолиҷаи дӯлоби қандӣ истифодабарии инсулин мебошад. Вояи он аз вазнинии беморӣ ва гум кардани глюкоза бо пешоб дар як шабонарӯз , вобастагӣ дорад. Ба ҳар 5 грамми глюкозаи бо пешоб аз бадан ихроҷшуда, 1 воҳид инсулин таъин мекунанд. Препарат зерипӯстӣ, дохилимушакӣ ва дохиливаридӣ ворид карда мешавад.

Мудири кафедраи “Педиатрия”-и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Мамадаминова София Ҳасановна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.