Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АЛОИМИ ҚАБЛИҲАЙЗӢ

Ин раванди потологии марҳилаи 2 – юми даври ҳайзбини мебошад. Дар соли 1931 рӯҳшиноси машҳури амрикоӣ А. Ф. Франк аввалин шуда, ба алоқамандии тағйиротҳои ифодаёфтаи эҳсосӣ ва рӯйҳии занон, дар марҳилаи 2 – юми даври ҳайзӣ, аҳмият дод. Ӯ миқдори зиёди ҳолатҳои ҷанҷолии дар оила ва ё ҷойи кор дар ин давра содиршавандаро, аз ҷониби занҳо, қайд намудааст. Ҳол он ки ҳамаи ин нишонаҳо баъд аз пайдо шудани ҳайзбинӣ пурра нест мешуданд, ки ин имконияти фарқ кардани ин ҳолатро аз бемориҳои рӯҳӣ ва ба он ном ниҳодани “Бемории қаблиҳайзӣ” – ро дод.

Алоими қаблиҳайзӣ маҷмӯйи нишонаҳои касолатии мураккаб мебошад, ки дар рӯзҳои қабл аз ҳайзбинӣ пайдо шуда, бо вайроншавиҳои асабии – рӯҳӣ, наботию раги ва мубодилавию – дохилусоравӣ зоҳир мегардад. Аломатҳои беморӣ аз 2 то 14 рӯз пеш аз ҳайзбинӣ пайдо шуда ва бо пайдо шудани ҳайз ё дар рӯзҳои аввали он нест мешаванд.а

Касрати беморӣ вобаста ба синну сол меафзояд ва бо маълумоти баъзе муалифон аз 20 то 80% – ро ташкил медиҳад. Беморӣ бештар дар занҳои шаҳрӣ, намояндагони меҳнати фикрӣ, ҳангоми зарарҳои касбӣ ва бемориҳои дарунӣ, дида мешавад.  Тахминан фақат 5% занони алоими қаблиҳайзӣ дошта, ба муолиҷа эҳтиёҷманд мебошанд, зеро ки дар онҳо ин аломатҳо ниҳоят ифодаёфта буда, сифати ҳаётро халалдор месозанд, коршоямӣ ва алоқамандии иҷтимоиро вайрон месозанд.

Сабабҳои инкишофёбии алоими қайбиҳайзӣ пурра омӯхта нашудааст, таъсири манфии омилҳои экологӣ вазъиятҳои  истиробӣ, хасташавӣ, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои илтиҳобии узвҳои ҷинсии занона, оризаҳое ки бо исқоти ҳамл ва зоишҳои касолатӣ алоқаманд мебошанд, мусоидат менамоянд. Ба ғайр аз ин беморӣ бештар дар занҳои бемориҳои СМА, силсилаи қалбӣ – рагӣ ва силсилаи ҳозимадошта вомехӯрад.

Тағйиротҳо дар системаи ренин – ангиотензин – алдостерон хеле диққатҷалбкунанда буда, вайроншавии ҳосилшавии пайвастагиҳои ҳаётбахши нитрогендор, дар хун афзудани миқдори эстрогенҳо (гиперэктрогенемия), норасоии прогестерон, зиёдшави пролактин дар хун (гиперпролактенемия), зиёдшавии простагладинҳо, норасоии ионҳои магний, тағйиротҳои таҳсосӣ (бодгармӣ), корношоямии модарзодӣ ё ғайримодарзодии силсилаи гипоталамус – гипофизӣ ба инкишофёбии вайроншавиҳои дуюминдараҷаи фаъолияти қисмҳои гуногуни системаи марказии асаб, диққатҷалбкунанда мебошанд.

Алоими қайблиҳайзӣ дида мешавад:

–        Баъди таваллуд;

–        Пас аз исқоти сунъи ҳамл;

–        Пас аз бемориҳои сироятии гуногун аз сар гузаронида;

–        Баъзе муалифон ирсиятро тарафдори мекунанд

Нишонаҳои клиникии алоими қайблиҳайзӣ бо вайроншавиҳои рӯҳӣ – асабӣ, гурдавӣ, меъдаву рӯдагӣ, пӯстӣ ва дастгоҳӣ такяву ҳаракат хос мебошад.

4 намуди асосии клиникии алоими қайблиҳайзӣ фарқ мекунанд: асабӣ – рӯҳӣ, варамӣ, майнадардӣ ва бӯҳронӣ.

Инчунин намудҳои ғайримаъмулии алоими қайблиҳайзиро фарқ мекунанд: баландҳароратӣ, намуди чашмфалаҷӣ, дарди нимсара – мигрен, миёкардиодистрофияи наботӣ – дизовариалӣ, бемории диққинафасӣ, варами Квинке, қайкунии рафънашаванда ва ғайра.

Аз рӯйи дараҷаи вазнинӣ, намудҳои сабук, миёна ва вазнинро фарқ мекунанд. Аз рӯйи марҳиланокӣ намудҳои талофӣ ва талофинашаванда (аломатҳои беморӣ пас аз қайдёбии ҳайзбинӣ якчанд рӯз давом меёбад) фарқ мекунанд.

Тахшисот

Хусусияти даврии пайдошавии аломатҳои касолатии, ҳангоме ки баъдшавии ҳолат танҳо, дар марҳилаи 2 – юми давр ба назар мерасад ва ин аломат ҳо бо пайдоиши ҳайзбинӣ ва ё рӯзҳои аввали он нест мешаванд ин барои ташхисгузорӣ лаҳзаи асосӣ мебошад. Ташхиси тафриқавиро бо бемориҳои дарунӣ, асабӣ, рӯйҳӣ – ҷисмӣ, бемориҳои чашм гузаронидан лозим мебошад. Дар мавриди  ҳамаи намудҳои клиникии алоими қайблиҳайзӣ муайян намудани тестҳои функсионалии ташхисоти пролактин, эстроген ва прогестеронро дар хун, дар ҳарду марҳилаҳои давр, зарур мебошад. Таҳқиқотҳои иловагӣ; электроэнсефалография, каринграфия – аксбардории рентгении косаи сар, муайян намудани миқдори пешоби шабонарӯзӣ, таҳқиқоти кори гӯрдаҳо , маммография, таҳқиқоти майдони биниш ва қаъри чашм таъин карда мешавад. Муолиҷаи беморӣ дуру дароз на камтар аз 3 даври ҳайзбинӣ ва мураккаб мебошад:

1) Рӯҳшифоӣ, паҳрези ғизоӣ (маҳдудияти истеъмоли қаҳва, чой, намаки ошӣ, моеот, равғани ҳайвонот, шир), реҷаи меҳнату истироҳат.

2) Масҳӣ умумиӣ, гармобашифоӣ, сузаншифоӣ, электрофарези дохили бинигии витамини Б1.

3) Дорувориҳои психотропӣ, оромбахш, зидди гистаминӣ, парлодел, дорувориҳои пешоброн, боздорандагони ҳосилшавии простогландинҳо, гестогенҳо, эстроген – гестогенҳо, полувитаминҳо, гиёҳшифоӣ – решаи сумбула (валерияна), алафи газнаи сагак (пустирник), чойи каҳак, пудинаи боғи, дулона, мевахи хуч, ширинбия, гули бобуна ва ғайра.

Декани факултети “Кори момодоягӣ”-и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Гадоева Қ.Б

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.