МақолаҳоХабарҳо АРАҚОБИЛА ( ПОТНИЦА ) ДАР НАВЗОДОН Бо admin Охирин навсозӣ Jul 27, 2023 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Дар натиҷаи аз ҳад зиёд гармшавӣ ва нокифоягии нигоҳубини пӯсти кӯдак ба амал меояд. Дар пӯсти бадан, гардан дар ҷинҳои пӯст ҳубобчаҳои хурди бешумор пайдо мешавад, ки бо мӯҳтавии зардоби шаффоф пур карда шудаанд. Дар гирдогирди пӯст тағйирот дида намешавад. Вайроншавии бутунии пӯст барои сироятнокӣ омили мусоид ҳисоб меёбад. Табобат. Аз бартараф кардани нуқсонҳои нигоҳубин, гузаронидани ҳатмии ҳаммоми беҳдоштӣ бо маҳлули гулобиранги перманганати калий иборат аст. Ҷойҳои зарардидаи пӯстро бо упои бачагона покиза менамоянд. Тулумшавӣ (опрелости). Ин яке аз зарарёбие мебошад, ки тез-тез дар пӯст дида мешавад.Тулум дар ҷинҳои аслии пӯст ва сурин маҳдуд мешаванд. Се дараҷаи тулумшавиро фарқ мекунанд. Дараҷаи 1-ум бо пайдошавии ҳиперемияи муътадил хос аст. Ҳангоми дараҷаи 2- юм – дар пӯст ранги сурхи баланд ва яраи рӯякии пардаи луобӣ пайдо мешавад. Дараҷаи 3-юм бо сурхшавии пӯст ва тараки сатҳӣ ифода меёбад. Пайдошавии тулум, ба кӯдак азоби сахт мерасонад. Пасафканд, пешоб, парпечҳои тар, собуне ки ба пӯст мерасад, дардро ба вуҷуд оварда, сӯзиш ҳис карда мешавад. Кӯдак беқарор шуда, хобаш бад, инҷиқӣ мекунад. Табобат. Пеш аз ҳама, ба нигоҳубини дақиқи беҳдоштии пӯст аҳамият додан зарур аст. Ҳаммом бо маҳлули гулобиранги перманганати калий, бобуна, булут гузаронида мешавад. Ҳангоми дараҷаи 1-ум пӯстро бо равғани безараркардашудаи растанӣ, маҳлули равғанини витамини А, марҳами пардозии (креми) бачагона, упои бачагона покиза мекунанд. Ҳангоми дараҷаи 2-3-юм- ба сатҳи шилтиқшудаи пӯст тарбанди бо маҳлули 0,5%-и резорсин ё ки маҳлули 1,25%-и нитрати нуқра, ё ки маҳлули 0,1%-и риванол, гузошта мешавад. Муолиҷаи квартсӣ (таъсири бактериякушӣ, хушкондан) натиҷаи таъсирбахш мерасонад. Бемориҳои сироятии пӯст. Сабаби бемориҳои фасодӣ-илтиҳобӣ дар бештар ҳолатҳо ин нокифоягии нигоҳубин ва сироятнокии стафилококкӣ мебошад. Аммо дар вақтҳои охир ба флораи рӯдагии шартан касалиовар (чӯбчамикроби рӯда, протей, клебсиелла, энтеробактерия), инчунин бо чӯбчамикроби кабуд аҳамияти бештар дода мешавад. Беморӣ аз маҳали илтиҳоби шадид ва музмин, сироятҳои ҷоришавандаи ниҳонии модар, сироятнокии роҳҳои зоиш, лавозимотҳои барои нигоҳубини кӯдак истифодабаранда ибтидо мегирад. Вайронкунии реҷаи вогирӣ аз тарафи шахсе, ки беморро парасторӣ мекунад, аҳамияти калон дорад.Ҷараёни патологӣ дар шакли маҳали қароргирифтаи сироят ё ки дар шакли сирояти паҳншудаи умумӣ-сепсис ҷорӣ мешавад. Дар навзодҳо паҳншавии равиши илтиҳоби сироятнокӣ нисбатан ба калонсолон тез-тез ба вуҷуд меояд. Пиодермия – ин бемории фасодӣ илтиҳобии пӯст мебошад. Навзодҳои ба бемории пиодермия гирифтор шударо дар утоқи махсуси беморхона, аз рӯзе, ки ташхис гузоштанд мехобонанд. Дар вақти нигоҳубини чунин кӯдакон, ҳатман аз парпечҳои тамъизшуда истифода бурдан лозим аст. Везикулопустулёз Ин бемории фасодноки пӯст мебошад, ки ҳам дар навзодон ва ҳам дар кӯдакони моҳҳои аввали ҳаёт тез-тез вомехӯрад. Ин беморӣ бо пайдошавии ҳубобчаҳои (рихинакҳо) на он қадар калон бо мӯҳтавии зардобӣ- чиркӣ дар чинҳои аслии пӯст, бадан, пойҳо хос мебошад. Миқдори рихинакҳо гуногун ҷойгир шуда, онҳоро ҳошияҳои илтиҳобӣ фаро гирифтаанд. Дар ҳолати бусуротҳои на он қадар зиёд, аҳволи кӯдак тағйир намеёбад. Ҳарорати бадан бештар мӯътадил буда, гоҳ-гоҳ каме баланд мешавад. Табобат-мавзеӣ мебошад: ҳубобчаҳоро бо фатилаи дар спирти 96 % таркардашуда рафъ намуда, бо маҳлули бриллиантии сабз покиза мекунанд. Мунтазам бо перманганати калий ҳаммоми беҳдоштӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи мақсад нурҳои ултрабунафшро таъин кардан мумкин аст. Обиласароии навзодҳо. Бештар дар ду ҳафтаи аввали ҳаёт инкишоф меёбад. Дар гардан, шикам, пойҳо ҳубобчаҳои сатҳии пажмурдаи андозаашон гуногун (бештар 0,5 -2см) бо мӯҳтавии тира пайдо мешавад. Ҳубобчаҳо ба осонӣ кафида, сатҳи таҳоттирро ҳосил менамояд, ки мумкин аст хуншорӣ ба амал ояд. Эпителизатсияи қитъаҳои таҳоттшуда (эрозияшуда) нобуд гашта, дар ҷои онҳо доғҳои гулобиранги камранг дуру дароз боқӣ мемонад. Ҳангоми дар пӯст вуҷуд доштани миқдори зиёди ҳубобчаҳо аҳволи саломатии кӯдак бад гашта, ҳарорати баданаш то 380-390С баланд мешавад. Кӯдак беҳол шуда, аз шир макидан даст кашида, афзоиши вазнаш кам мешавад. Табобат. Ҳангоми мавҷуд будани бусуротҳои танҳо муолиҷаи мавзеӣ гузаронида мешавад: бо сӯзани тамъизшуда ё ки бо қайчиҳо ҳубобчаҳоро бурида, пас аз ин бо фатилаи пахтагини тамъизшуда мӯҳтавиҳои дохили ҳубобчаҳоро тоза карда, эрозияро бо маҳлули бриллиантии сабз молидан даркор аст. Нурҳои ултрабунафш таъин мекунанд. Дар ҳолати вазнин ҷоришавии беморӣ муолиҷаи зиддибактериявӣ, дезинтоксикатсионӣ ва муолиҷа бо витаминҳо таъин мекунанд. Мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ дар педиатрия”-и МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Мамадаминова С.Ҳ. 0 Мубодила кардан