Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ НАҚШАВИИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ БО АЪЗОЁНИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҚАБУЛИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Фаъолияти дурусти комиссияи қабул пас аз имтиҳонҳои ягонаи давлатӣ тариқи Маркази миллии тестӣ якчанд ҷанбаҳои муҳимро фарогир мебошанд. Аввалан, таъмин намудани ростқавлӣ ва шаффофияти раванди қабули ҳуҷҷатҳо. Яъне, ин санҷиши нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо, мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида бо талаботҳои давлатӣ, инчунин риояи ҳама қоида ва расмиётҳои муқарраршуда. Дуюм, комиссияи қабул бояд барои коркарди миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо омода бошад. Пас аз имтиҳонҳои ягонаи давлатӣ шумораи довталабон метавонад назаррас бошанд ва комиссия бояд ҳамаи ин миқдор ҳуҷҷатҳоро самаранок ва дар мӯҳлатҳои муайян коркард намояд.

Ҷанбаи сеюм ва ниҳоии моҳияти дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи қабул ин обрӯ ва эътибори муассисаи таълимӣ аст. Яъне раванди қабули босифат ва одилонаи ҳуҷҷатҳои довталабон аз оғоз эътимодро миёни системаи таълим ва донишҷӯён ва дар ҷамъ нисбат ба фаъолияти муассиса эҷод менамояд.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, тибқи дастури бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти дуруст ва пурсамари комиссияи қабул ҷаласаи нақшавии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ бо аъзоён ва масъулони комиссияи қабул гузаронида шуд.

Дар оғози ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё. ба ҳозирин оид ба моҳияти тартиби дурусти ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи қабул маълумот дода, таъкид сохтанд, ки зимни қабул ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо бо муроҷиаткунандагон, махсусан дар фасли гармо хушмуомила ва ботамкин буда, дар тафтиши ҳуҷҷатҳо диққати хос зоҳир намоянд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ариза ва муроҷиати шаҳрвандону довталабон баҳри кам кардани вақти интизорӣ ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ, сари вақт дида баромада шаванд.

Дар ҷамъбаст муовини директор ба аъзоёни комиссияи қабул баҳри гузоштани саҳми арзанда дар кори муассиса изҳори сипос баён намуда, нақши онҳоро дар тартиби дурусти ҳуҷҷатнигории донишҷӯён таъкид намуданд. Ҳамин тариқ ҷаласаи нақшавӣ бо ҳайати комиссияи қабул пурсамар гузаронида шуд.

 

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.