Хабарҳо ИШТИРОКИ ОДИЛЗОДА И.Ё МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР МАҶЛИСИ СИТОДИ НОҲИЯВИИ “ОБУНА-2024” БАРОИ НАШРИЯҲОИ ҲИЗБИИ “МИНБАРИ ХАЛҚ” ВА “МАРОМИ ПОЙТАХТ” ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Бо admin Охирин навсозӣ Aug 5, 2023 0 Имрӯз бо иштироки аъзои Ситоди ноҳиявии “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҷлиси Ситоди ноҳиявии “Обуна-2024” баргузор гардид. Саравал, Файзуллозода Заррина Файзулло – раиси Кумитаи иҷроия қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ-сиёсӣ бо мақсади таблиғу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ такя ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” менамояд. Тибқи рӯзномаи Маҷлис гузориши муовини Роҳабри Ситоди ноҳиявии “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” Фозилзода Шуҳратҷони Мақсуд рафти маъракаи обунашавии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2024 ва вазифаҳо барои иҷрои нақша шунида шуд. Ҳамзамон, миёни аъзои Ситод вазифагузорӣ ва тақсимотӣ гурӯҳҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи “Обуна-2024” –и кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар муҳлати муқараргардида қарори дахлдор қабул гардид. Дар ин радиф, дар Маҷлиси Ситод қайд гардид, ки нашрияҳои мазкур, муҳаррики ивазнашавандаи таблиғи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 зери унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ва Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020-2027 зери уновни “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” мебошад. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан