Хабарҳо МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ – ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ВА РОҲ ЁФТАН БА ДАВРАИ НИМНИҲОИИ МУСОБИҚА Бо admin Охирин навсозӣ Aug 9, 2023 0 Тибқи иттилои пешакӣ, оғоз аз 8 июли соли равон то ин ҷониб мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома дорад. Ҳамин тавр санаи 8 август дастаҳои мунтахаби муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бо муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” қувваозмоӣ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дастаи мунтахаби МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” то имрӯз бо даҳ дастаҳои мунтахаб аз муассисаҳои тандурустии пойтахт қувваозмоӣ намуда, дар ҳамаи онҳо ғолиб омада, ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар давраи чорякфинал дастаи Коллеҷ бозии ҷолиб нишон дода, шикастнопазирии худро собит намуд. Ин бози чунон пуршиддат гузашт, ки дар вақти асосӣ ягон даста ғалаба карда натавонист. Аммо драммаи воқеӣ дар зарбазаниҳои пеналти ривоҷ ёфт. Дастаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ин марҳилаи муҳими бозӣ ирода ва маҳорати беҳамто нишон дода, бо ҳисоби 4 бар 3 ғолибиятро ба даст овард. Ба шарофати ин ғалаба дастаи мо ба давраи нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Ғалаба дар бозии имрӯза аз сатҳи баланди омодабошӣ ва муттаҳидии аъзоёни даста гувоҳӣ медиҳад. Ин муваффақиятҳо натиҷаи дастгирии бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва инчунин тамринҳои пуршиддат ва саъю кӯшиши даста буд. Дастаи футболи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ғалабаҳои пай дар пай ва баромадҳои таъсирбахш, дигар дастаҳоро ба ваҷд оварда, ба онҳо илҳом бахшид. Давраи нимниҳоӣ бо дастаи ҳарифони моҳир баргузор хоҳад гашт, вале бо итминони комил метавон гуфт, ки дастаи мо ҳар як душвориро бартараф карда, ғалабаи сазоворро дар давраи баъдӣ ба даст хоҳанд овард. Коллеҷи тиббӣ собит месозад, ки варзиш ва тиб метавонанд якҷоя шуда, мутахассисони соҳаи тибро водор созад, то ин ки на танҳо дар майдон баромад намоянд, балки бо ин роҳ ба ноил гаштан ба солимии беҳтарин тариқи варзиш назар намоянд. Намунаи дастаи мунтахаби МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ҳамаи мо илҳом бахшида, нишон медиҳад, ки иродаи қавӣ ва суботкорӣ ба натиҷаи бебаҳо ва дилхоҳ оварда мерасонад. Мо бозии нимниҳоии мусобиқаи мазкурро, ки дар он дастаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мубориза бурда, соҳиби унвони қаҳрамони мусобиқа мегарданд, бесаброна интизорем. Боварӣ дорем, ки дастаи мо дар майдончаи варзишӣ олӣ баромад намуда, мухлисонашро шод мегардонад ва мо низ пешрафти дастаи худро дар давраи нимниҳоӣ пайгирӣ намуда, ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем! Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан