Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМОДАГӢ БА “РӮЗИ ДОНИШ” ВА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2023 – 2024 ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар баробари бунёди биноҳои нави таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон корҳои таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии биноҳои таълимӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ ба истиқболи “Рӯзи дониш” ва соли нави таҳсили 2023 – 2024 дар Муассиса омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Тибқи дастури директори Муассиса тамоми синфхонаҳои таълимӣ, даҳлезу роҳравҳо, биноҳои таълимӣ рангубор карда шуда аз таъмиру ороиши косметикӣ бароварда шудаанд.

Дар бинои таълимии 2-юми Муассиса овезаҳои даҳлезу роҳравҳо бо овезаҳои нави замонавии формати 3D иваз карда шуда, ҳамчунин нишастгоҳҳои боғчаи бино аз нав рангубор карда шуд.

Мавриди ба зикр аст, ки толори маҷлисгоҳи бино, ки дорои 300 ҷои нишаст мебошад, аз нав таъмир карда шуда, фарши толор бо қолини нарми 2 қабата рӯйпӯш карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.