ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ
Донишҷӯёни азиз, омӯзгорон ва кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”!
Ҳамаи шуморо бо оғози соли нави хониш аз самими қалб табрик мегӯям!
Якуми сентябр рузи ботантанаест, ки барои донишҷӯён дари олами дониш, илму фарҳанг, дастоварду музаффариятҳои хурду калонро кушода, ҷаҳонбинии онҳоро дар самти азхудкунии касбҳои гуногун васеъ мегардонад. Ин рӯз на танҳо барои касоне, ки таҳсилро идома медиҳанд, балки барои ҳамаи он довталабоне, ки ба сафари шавқовар ва фаромӯшнашавандаи донишҷӯии худ акнун шуруъ менамоянд, иди фараҳбахш аст.
Солҳои таҳсил дар коллеҷ давраи аҷибест, ки ба уқёнуси беканори илм фурӯ рафта, замони ошно шудан бо тамоми хиради андухтаи башарият, замони вохӯрӣ бо бозёфтҳо ва комёбиҳои бузург аст. Замоне, ки тамоми ҷаҳон дар назди шумо кушода мешавад – ҷуръат кунед, кӯшиш намоед, то ин ки чизҳои навро омӯзед!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки “…мардуми тоҷик аз қадимулайём то ба имрӯз дар баробари таҳкими дӯстию бародарӣ, сулҳу оромӣ – ба илму дониш ва маърифат баҳои баланд дода, онро сарчашмаи ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар ҳаёти инсон медонанд”.
Мо аз ҷониби худ тамоми қувва ва нерӯи заруриро ба харҷ медиҳем, то насли ҷавони арзанда, мақсаднок ва фаъоле ба воя расад, ки дар рушди кишварамон саҳмгузор бошанд.
Бо суханҳои махсус имрӯз ба донишҷӯёни бахши авваламон муроҷиат намуда, гуфтан мехоҳем, ки мо боварӣ дорем, ки шумо давомдиҳандагони сазовори анъанаҳои деринаи даргоҳи илму маърифати мо гардида, симои мусбати МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро ташаккул медиҳед.
Алоҳида он донишҷӯёнеро, ки дар соли таҳсили нав сазовори унвони арзишманди корманди миёнаи тиб мегарданд, табрик мегӯям ва итминон дорам, ки онҳо ба қатори кадрҳои баландихтисоси замонавӣ, ки Пешвои муаззами миллат, мунтазам зимни баромадҳояшон зикр месозанд, шомил мегарданд.
Рӯзи дониш инчунин фурсати муносибест барои изҳори миннатдорӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса, ки барои меҳнати ҳаррӯзаи худ, садоқат ба кори интихобшуда, сабру таҳаммул, хирад, ғамхорӣ, кордониву масъулиятшиносӣ зоҳир менамоянд. Ояндаи донишҷӯёни мо бештар аз устодоне вобаста аст, ки омодаанд табодули донишу таҷриба намоянд, дастгирӣ ва илҳом бахшанд, маориф ва илми миллиро инкишоф диҳанд. Президенти кишвар ҳамчунин аз аҳамияти рисолати омӯзгори муосир сухан ронда, зарурати аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар фаъолияти илмию омӯзгориро таъкид кардаанд.
Дӯстони азиз!
Якуми сентябр барои ҳифзу таҳкими беҳтарин анъанаҳои тарбияи миллӣ, такмили минбаъдаи он, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан аҳамияти хоса дорад. Донишҷӯёни азиз, шумо ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, манбаи зеҳнӣ ва такягоҳи боэътимоди он ҳастед. Дониш ва маҳорати дар солҳои донишҷӯӣ ҳосилкардаи шумо ба таҳкиму ободии кишвари мо мусоидат мекунад.
Ба ҳамаи шумо саломатӣ, бахту саодат, сабру хирад, нерӯи бепоёни созанда, амалӣ шудани ғояҳои далертарин орзумандам!
Рузи дониш муборак!