Мушкилоти терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин харакатҳои ифротгароӣ ва тундгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори омма (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд. Зеро тибқи он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, барои ифротгаро шудани ҳар як фарде, ки дониши кофии динию дунявӣ надорад ва мақси асосии шомилшуданро дар ин гурӯҳҳо надорад, мусоидат хоҳад кард.
Равияи «Салафия» дар Тоҷикистон соли 2005 ба вуҷуд омада фаъолияти худро ошкоро кард. Дар таърих маълум аст, равияи «Салафия» аз тарафи Муҳаммад Ибни Абулваҳҳоб ба вуҷуд омадааст. Салафиён худро намояндагони асосии Қуръон ва суннат хонда, дар Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Яман. Туркия, Русия, Ӯзбекистон ва Кирғизистон бо номҳои мухталиф, ошкору пинҳонӣ амал менамояд. Ҳадафи ниҳоии салафиён ҷудоиандозӣ дар байни мардуми мусулмон мебошад. Тахлили ҳолатҳо нишон додаст, ки пайравони ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ, сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат мебошад. Аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои дини ҷиноятҳои ба вуҷуд овардани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, махалгароӣ ва бо рохи зуроварӣ дигаргун кардани сохти конститусионӣ мебошад. Аз тарафи макомотҳои хифзи ҳуқуқ соли 2014-15 якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Суғд шаҳрҳои Исфара, Панҷакент аъзони ин ҳизбу ҳаракат дастгир карда шуда ҷазои судӣ гирифтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститусионӣ таъмини ягонагии кишвар ташкилотҳои байналхалкии хусусияти экстремистӣ дошта ба монанди «Ал-қоида», «Туркистони шарқи», «Туркистон», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломи Покистон», «Таблиғ», «Созмони Таблиғи» хатар тахдид мекунад. Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм эмин набуда метавонад бо ниқоби дини мубини ислом сар бардорад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷҷати бисёр муҳим «Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2020 қабул карда шуд. Маҷмуи сабабҳое, ки дар натиҷа барои ифротгаро шудани ҷавонон ва умуман шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Солҳои охир масъалаи мубориза зидди терроризм дар сиёсати чаҳонӣ рӯзмарра гаштааст. Терроризмро ҳамчун таҳдиди рӯирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари сиёсатмадорон эътироф менамоянд. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намояд. Барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии стратегияи байналхалқӣ ва олоти амали гардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва барои пешгири намудани чунин амалҳои экстремизм ва терроризм усулу витаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода бурд.
Умуман таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нафарони дар роҳ гумроҳшуда дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Ироқ ва Сурия иштирок доранд, муҳочирони меҳнатие мебошанд, ки ҳудуди дигар давлатҳо ба доми фиреб афтода ба кишварҳои ҷангзада афтодаанд. Ин ҷавононе ҳастанд ки саводи динӣ надоранд дур аз ватану волидон бо шунидани вазъҳои имом хатибони ифротӣ ба доми фиреб афтодаанд. Барои пешгири намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона кор намуда ҷавононро дар руҳияи ватандусти ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онхо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Дар Тоҷикистон низ мухолифатҳои иҷтимои пеш аз ҳама, зиддиятҳои сиёсии ҳокимиятхоҳона, ихтилофҳои ҳизбу ҳаракатҳо, маҳалгароӣ бахусус ба гуруҳҳои экстремистӣ табдил ёфтани мухолифини ҳокимиятӣ давр кишварро ба гирдоби фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Дар ин замина яроқу аслиҳа ва муҳиммоти зиёди ҷангӣ дар байни аҳолӣ паҳн гардид. Ҳамаи ин боиси он гардид, ки дар ҷумҳурӣ садҳо гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, дастаҳои мусаллаҳонаи зидди ҳукуматӣ, гуруҳҳои экстремистию террористии ташкил гардида тақдири миллат ва давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро зери хатар гузоштаанд.
Бамаврид аст, ёдовар шавем, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон мушаххас, мукаммал ва пурқувват гардид. Қонуни мазкур сиёсати давлатӣ, ӯҳдадориҳои байналмиллиалии Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризм ба танзим даровад. ҷӣӯқғҳ
Тибқи маълумоти Сарраёсатӣ иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш соли охир дар ҷумҳурӣ 58 далели хариду фурӯши одамон, 42 амали террористӣ ва 587 ҷиноятҳои махсуси хусусияти террористи дошта ба қайд гирифта шудааст.
Назар ба маълумоти Раёсати Маркази ҷосусии Амрико дар чанд соли охир аз 50 то 70 ҳазор ҷанговар аз 55 давлатҳои исломӣ дар марказҳои террористии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таълим гирифтаанд. Илова бар ин таи панҷ соли охир беш аз ду ҳазор ҷавонони кишвар бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар мадрасаҳо ва донишкадаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон фаъолияти 13 ташкилоту созмонҳо характери экстремистӣ-террористӣ дошта ғайриқонунӣ эълон шудааст. Ахиран бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳамчун ҳизби характери динӣ-экстремистӣ ва террористӣ дошта ғайриқонунӣ эълон карда шуд.
Аз таҳдиди терроризм ҳеч давлат худро эмин дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намоянд. Барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии стратегияи байналхалқӣ ва олоти амалигардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода баранд.
Маҳинбонуи Раҷаб
омӯзгори кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» -и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”