Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БИНОИ АСОСИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Субҳи 8 сентябри соли ҷорӣ дар саҳни бинои асосии муассиса аз ҷониби ҳайати коллективи кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” бо ҳамроҳии донишҷӯён ҷамъомади пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек” гузаронида шуд. Мавзӯи асосии ҷамъомад “Риояи тартиботи дохилимуассисавӣ” махсусан аз ҷониби донишҷӯёни бахши аввал ва моҳияти хислатҳои хуби инсонӣ дар касби корманди тиб буд. Дар оғоз омӯзгори кафедра Алтиева Ф.М. оид ба муҳиммияти риояи тартиботи дохилӣ сухан ронда, сипас донишҷӯёни бахшҳои 3 ва 4 оид ба аҳамияти доштани хислатҳои неки инсонӣ аз қабили гуфтор, рафтор ва пиндори нек дар касби кормандони миёнаи тиб баромад намуданд. Ҳамчунин оиди бандҳои асосии оинномаи муассиса сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Давлатов А.Т. сухан ронда дар бораи ҷазоҳои интизомии муқарраршуда ба донишҷӯён маълумот доданд. Дар маҷмӯъ ҷамъомад пурсамар гузашт.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.