Хабарҳо ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ МУБОРАК БОШАД! Бо admin Охирин навсозӣ Сен 11, 2023 0 Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, хоса директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба фаъолияти илмии кормандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, онҳоро дар ин самт фаъолона дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла барои иштирок дар конфронсҳо ва нашри мақолаҳои илмӣ дастгирии молиявӣ расонида, инчунин конфронсҳо, семинарҳо, тренингҳо ва форумҳои илмӣ ташкил менамоянд, то кормандон тавонанд бо ҳамкасбони соҳибтаҷрибаи худ мубодилаи таҷриба намоянд. Мавҷудияти кормандони дорои унвони илмӣ омили муҳими рушду пешрафти раванди таълимӣ дар муассисаи мо мебошанд, зеро кормандони мазкур дар соҳаи худ дониш ва таҷрибаи амиқ дошта, дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, коркарди усулҳои нав, инчунин баланд бардоштани сифати амалияи тиббӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамин тавр санаи 7-уми сентябри соли 2023 муовини директор оид ба таълими амалии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” *Давлатзода Аслам Давлат*, ки санаи 8 феврали соли ҷорӣ мавзуи рисолаи номзадии хешро аз рӯйи ихтисоси 14.01.04 – Бемориҳои дарунӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои тиб, Саидов Ёр Умарович, дар Шурои дисертатсионии назди Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муваффақона дифоъ намуда буданд, бо дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб сарфароз гардиданд. Раёсат ва аҳли коллективи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Давлатзода Аслам Давлатро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ тандурустӣ ва дар кори минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан