Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА ҶАШНИ 32-СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамкасбони гиромиқадр!

Ҳавматанони азиз!

Ҳамаи Шумо ва дар шахсияти шумо тамоми халқи шарафманди сарзамини Тоҷикистони азизамонро ба муносибати 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик саҳифаи нав боз карда, моро аз хатари нобудӣ наҷот дод ва ба мо имкон дод, ки ҳаёти озоду гул-гулшукуфон барпо намоем, самимона табрик мегӯям.

Дӯстони азиз!

Тавре аз таърих маълум аст, ба даст овардани истиқлолият барои ҳар як халқу миллат осон нест. Халқи мо ин ҳақиқатро амиқ дарк намуда, хотираи аҷдодони худро, ки дар мубориза барои истиқлолият фидокорӣ ва мардонагӣ нишон дода, ҷони худро дареғ надоштаанд, эҳтиром ва дар дилҳояшон абадӣ нигоҳ медоранд.

Дар ин рӯзҳо мо он давраҳои дар ҳақиқат барои миллатамон душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба ёд оварда, шодмонӣ аз он менамоем, ки ҳамаи он мушкилотҳоро паси сар намудаем.

Дар он вақт вазъияти кор дар ҷумҳурӣ аз боиси фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, системаи куҳнашудаи давлатдории шуравӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ хеле тезу тунд гашта, характери махсусан хавфнок ва интиқодӣ пайдо намуда мамлакати тозабунёди мо дар ҳақиқат дар вартаи нобудшавӣ қарор гирифт.

Ва ҳатто дар чунин вазъияти ниҳоят душвор, мо аз роҳи интихобкардаамон — роҳи истиқлолият ру нагардонидем. Ҳамаи ин бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашт. Пешвои муаззами миллат хуб медонистанд, ки дар лаҳзаи барои мо муҳимтарин ва сарнавиштсоз, дар баробари душворию монеаҳо ақибнишинӣ кардан баробар ба хиёнат нисбат ба наслҳои имрӯза ва оянда аст. Маҳз дар он вақт халқи мо баробари Сарвари давлат мардонагӣ ва устуворӣ барин хислатҳои худро равшан нишон дод, ба ояндаи бузурги Тоҷикистон бовариро гум накарда ва бовар дорам, ки онро ҳамеша нигоҳ медоранд.

Воқеан, аз рӯзҳои аввали Истиқлолият, новобаста аз он ки вазъи халқу миллати то чӣ андоза душвор ва хатарнок буд, сарфи назар аз он ки мо маҷбур шудем, ки монеаҳои гуногун, мушкилоти шадидро дар ҳар қадам паси сар намоем, мо пайгирона таҳияи стратегияи амиқи аз ҷониби Пешвои муаззами миллат андешидаро идома додем, ки ба вазифаҳои имрӯза ва ояндаи мамлакатамон ҷавоб медиҳад.

Дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурге, ки Ҳукумати кишвар дар назди худ гузоштааст, яъне ин — барпо намудани давлати озоду демократӣ, гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ, ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, ҳамроҳ шудан ба як қатор мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон — мо таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯхта, ҷамъияти худро низ ба сӯи инкишоф ва шукуфоӣ хоҳем бурд.

Ин рӯзи пурмуҳтаво ба мо аҳамияти озодӣ ва истиқлолиятро хотиррасон карда, мо онро қадр ва ҳифз менамоем. Мо дар ин руз комёбиҳои мамлакати зебои худ ва халқи онро кайд мекунем. Дар ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши хоса доштанд. Роҳбарии хирадмандона ва садоқат ба идеалҳои озодӣ ва прогрессивии Пешвои муаззами миллат ба мо ёри расонид, ки роҳи истиқлолиятро пеша гирем ва ба давлати тавоно ва шукуфон табдил ёбем.

Таҳти роҳбарии Сарвари давлат кишвари мо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Мо ифтихор дорем, ки коллеҷи тиббии мо як ҷузъи ин пешрафт буда, дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Донишҷӯёни мо, мутахассисони ояндаи тиб дар беҳтарин муассисаҳои тиббии кишвар таҳсил ва таҷрибаи баланд мегиранд. Ин ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат имконпазир гардид.

Мо инчунин ба ҳамаи устодон, ки донишу таҷрибаи худро бо ифтихор ба шогирдон меомӯзонанд, миннатдории худро баён мекунем. Хизмати содиқона ва касбии шумо калиди муваффақияти донишҷӯёни мост.

Мо дар арафаи Рӯзи Истиқлолият аз фарҳанг, анъана ва дастовардҳои барҷастаи худ дар соҳаҳои гуногун фахр мекунем. Дар ин рӯз мо ба ҳамаи донишҷӯёни худ низ дар таҳсил ва касби тиббии оянда барору комёбиҳо таманно дорем. Мо ба шумо бовар дорем ва медонем, ки шумо мутахассисони барҷастае хоҳед шуд, ки қодир ба нафъи кишвар ва мардуми он аст.

Бигузор ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии Сарвари хирадманди давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам ободу озод бошад. Бигзор ҳар яки мо дар пешрафти кишварамон саҳмгузор бошем ва онро боз ҳам тавонотару ободтар гардонем.

Ид муборак, дустони азиз! Бигзор Рӯзи Истиқлолият нишонаи нерӯ ва ваҳдати мо гардад ва ҳар яки мо баҳри ободии Ҷумҳурии Тоҷикистони зебои худ заҳмат кашем!

Бо таманниёти беҳтарин,

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода

н.и.т., директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.