Хабарҳо ҶАЛАСАИ НАҚШАВӢ ДАР КАФЕДРАИ ПЕДИАТРИЯИ МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ Бо admin Охирин навсозӣ Oct 2, 2023 0 Санаи 02.10.2023 дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва ҷиҳати баррасӣ намудани дастуру супоришҳои муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёқубҷон ба мудирони кафедраҳо дода шуданд, дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ дар педиатрия” ҷаласаи навбатӣ гузаронида шуд. Мудири кафедра Мамадаминова С.Х ҷаласаро оғоз намуда, масъалаҳоеро, ки оиди иҷроиши онҳо аз тарафи муовинони директор дастуру супоришҳо дода шуда буданд, баррасӣ намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки назорати давомоти донишҷӯён, риояи интизоми меҳнати омӯзгорон, ҳуҷҷатгузории онҳо ва баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки нисбати ин масъалаҳо ҳисси масъулияти баланд дошта бошад. Ба омӯзгорон супориш дода шуд, ки ҳуҷҷатҳои лозимиашонро ба тартиб дароварда, ба сифати дарсҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад ва мунтазам савияи дониши худро такмил диҳанд. Оиди давомоти донишҷӯён ҳар як омӯзгор бояд ба мудири кафедра ва деканони факултет сари вақт гузоришҳо пешниҳод намоянд. Инчунин оиди пешниҳод намудани мақолаҳои илмӣ ба конференсияи илмии коллеҷ, ки ҳамасола гузаронида мешавад ва ба маҷаллаву рӯзномаи муассиса, гузаронидани дарсҳои кушоди намунавӣ ва маҳфилу чорабиниҳо, назорати сару либоси донишҷӯён ва намуди зоҳирии онҳо ба омӯзгорон супоришҳои мушаххас дода шуданд. 0 Мубодила кардан